https://sputnik.tj/20240704/belarus-nishast-ostona-rasman-uzv-shsh-1063419126.html
Беларус дар нишасти Остона расман узви СҲШ шуд
Беларус дар нишасти Остона расман узви СҲШ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарорро дар бораи шомилшавии ҷумҳурӣ имзо карданд 04.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-04T11:50+0500
2024-07-04T11:50+0500
2024-07-17T11:49+0500
сҳш
остона
беларус
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/11/1063565573_0:171:3032:1877_1920x0_80_0_0_0bd676c5a96de070d4b44ba59592aeba.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона Ҷумҳурии Беларус узви комилҳуқуқи ин созмон шуд.Дар суханронии ифтитоҳии худ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев нақши ин созмонро дар арсаи байналмилалӣ қайд кард. Имрӯз дар нишасти Остона дар бораи тавсеаи минбаъдаи созмони мо тасмими муҳим қабул мешавад, идома дод ӯ.Тоқаев, ки раиси ин форум аст, бахусус ҳамтои белорусиаш Александр Лукашенкоро табрик гуфт. "Кишвари шумо дар як муддати кӯтоҳ тамоми қадамҳои заруриро дар самти узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай анҷом дод, дар сурати мавҷуд набудани эътироз пешниҳод мекунам, ки ҷаласаро бо маросими имзои ҳуҷҷатҳо оид ба қабули Ҷумҳурии Беларус оғоз намоед", - гуфт Тоқаев. Ҳама сарони давлату ҳукуматҳо, ки дар нишасти Остона ширкат доштанд, созишнома дар бораи қабули Ҷумҳурии Беларус ба кишварҳои узви СҲШ-ро имзо карданд. Беларус 10-умин узви СҲШ гардид.
https://sputnik.tj/20240611/maskav-dushanbe-mavqe-guruh-shsh-afghoniston-narm-1063181744.html
остона
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/11/1063565573_151:0:2882:2048_1920x0_80_0_0_75e3ed011551a70d116608edccb804a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш, остона, беларус, сиёсат
сҳш, остона, беларус, сиёсат
Беларус дар нишасти Остона расман узви СҲШ шуд
11:50 04.07.2024 (Навсозишуда: 11:49 17.07.2024) Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарорро дар бораи шомилшавии ҷумҳурӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона Ҷумҳурии Беларус узви комилҳуқуқи ин созмон шуд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев нақши ин созмонро дар арсаи байналмилалӣ қайд кард.
"СҲШ ба яке аз сохторҳои бонуфузтарин ва таъсирбахши байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки ба шарофати нотакрор ва иқтидори бузурги ҳайати мо таваҷҷӯҳ ба он дар ҷаҳон мунтазам меафзояд", - таъкид кард Тоқаев.
Имрӯз дар нишасти Остона дар бораи тавсеаи минбаъдаи созмони мо тасмими муҳим қабул мешавад, идома дод ӯ.
Тоқаев, ки раиси ин форум аст, бахусус ҳамтои белорусиаш Александр Лукашенкоро табрик гуфт.
"Кишвари шумо дар як муддати кӯтоҳ тамоми қадамҳои заруриро дар самти узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай анҷом дод, дар сурати мавҷуд набудани эътироз пешниҳод мекунам, ки ҷаласаро бо маросими имзои ҳуҷҷатҳо оид ба қабули Ҷумҳурии Беларус оғоз намоед", - гуфт Тоқаев.
Ҳама сарони давлату ҳукуматҳо, ки дар нишасти Остона ширкат доштанд, созишнома дар бораи қабули Ҷумҳурии Беларус ба кишварҳои узви СҲШ-ро имзо карданд.
Беларус 10-умин узви СҲШ гардид.