https://sputnik.tj/20240611/maskav-dushanbe-mavqe-guruh-shsh-afghoniston-narm-1063181744.html
Маскав умед дорад, ки Душанбе мавқеъашро дар бораи гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нарм мекунад
Маскав умед дорад, ки Душанбе мавқеъашро дар бораи гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нарм мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон ба нигаронии кишварҳои ин созмон аз рушди манфии вазъ дар Афғонистон ва нияти роҳандозии муколамаи мушаххаси машваратӣ бо Кобул нигаронида шудааст
2024-06-11T17:35+0500
2024-06-11T17:35+0500
2024-06-11T17:35+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
сиёсат
русия
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0b/1063180573_0:38:3476:1993_1920x0_80_0_0_7b001da17acaa8e3274ab41cd8476a7c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Русия умедвор аст, ки мавқеи Душанбе дар мавриди азсаргирии кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нармтар шавад. Дар ин бора Замир Кабулов, мудири шӯъбаи дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия изҳор дошт. Тавре ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори РИА "Новости" қайд кард, Маскав ва аксари ширкаткунандагони Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аллакай ҷонибдори аз сар гирифтани кор дар ин самт баромадаанд.Таъсиси гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон аз нигаронии кишварҳои ин созмон аз рушди манфии авзоъ дар Афғонистон ва нияти роҳандозии муколамаи мушаххаси машваратӣ бо Кобул будааст.Ба имзо расидани Протоколи дахлдор аз 4 ноябри соли 2005 дар Пекин дар сатҳи Котиби иҷроияи (он вақт) СҲШ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.Вазифаи гуруҳи тамоси "СҲШ-Афғонистон" таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба ҳамкорӣ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буд ва фаъолияти он дар шакли вохӯриҳои машваратӣ дар Котибот ё сафорати Афғонистон дар Пекин муайян карда мешуд.
https://sputnik.tj/20240531/belousov-afghoniston-omodagi-jangii-nizomiyon-rusiya-tojikiston-1063048618.html
афғонистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0b/1063180573_384:0:3092:2031_1920x0_80_0_0_1d4aa4d65cd8a5924727a5d62b1958b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав умед душанбе мавқеъ гурӯҳ сҳш афғонистон нарм
маскав умед душанбе мавқеъ гурӯҳ сҳш афғонистон нарм
Маскав умед дорад, ки Душанбе мавқеъашро дар бораи гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нарм мекунад
Таъсиси гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон ба нигаронии кишварҳои ин созмон аз рушди манфии вазъ дар Афғонистон ва нияти роҳандозии муколамаи мушаххаси машваратӣ бо Кобул нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Русия умедвор аст, ки мавқеи Душанбе дар мавриди азсаргирии кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нармтар шавад.
Дар ин бора Замир Кабулов, мудири шӯъбаи дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия изҳор дошт.
Тавре ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори РИА "Новости" қайд кард, Маскав ва аксари ширкаткунандагони Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аллакай ҷонибдори аз сар гирифтани кор дар ин самт баромадаанд.
"Шарикони тоҷикистонии мо то ҳол дар ин бора шубҳа доранд, аммо мо умедворем, ки дар ояндаи наздик онҳо низ мавқеъи худро нарм хоҳанд кард", - таъкид кард Кобулов.
Таъсиси гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон аз нигаронии кишварҳои ин созмон аз рушди манфии авзоъ дар Афғонистон ва нияти роҳандозии муколамаи мушаххаси машваратӣ бо Кобул будааст.
Ба имзо расидани Протоколи дахлдор аз 4 ноябри соли 2005 дар Пекин дар сатҳи Котиби иҷроияи (он вақт) СҲШ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.
Вазифаи гуруҳи тамоси "СҲШ-Афғонистон" таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба ҳамкорӣ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буд ва фаъолияти он дар шакли вохӯриҳои машваратӣ дар Котибот ё сафорати Афғонистон дар Пекин муайян карда мешуд.