Аз CASA-1000 то истифодаи бандарҳои Покистон: Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф чиро баррасӣ кард

© Flickr \ Пресс-служба президента Таджикистана Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф дар Душанбе
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳони густариши бештари робитаҳо бо Покистон дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, бахшҳои мухталифи саноат шуд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Душанбеву Исломобод дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид кард, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо кишвари бародари Покистон ҳаст.

“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем, гуфт кишвардори Тоҷикистон.

Дар ин мулоқот тарафҳо хоҳони густариши бештари робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва кишоварзӣ шуданд.
Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсис додани Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Официальный визит Шахбаза Шарифа в Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Шаҳбоз Шариф озими Душанбе шуд ва зери пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҷонибҳо татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000-ро пайвандгари воқеии кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ номиданд.
Тарафҳо ба масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон таваҷҷуҳ намуданд ва ба амалисозии лоиҳаҳои пайвастшавии ду кишвари дӯст тавассути роҳҳои мошингарду оҳан диққати зиёд доданд.
Инчунин тарафҳо таъсис додани марказҳои логистикӣ дар яке аз минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон зарур шумурданд.
“Густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯён, рушди муносибатҳои фарҳангию башардӯстӣ ва тандурустӣ аз масъалаҳои дигари музокироти сатҳи олӣ буд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба раванди ташвишовари бесубот гардидани вазъи ҷаҳон, осебпазир шудани низоми амнияти байналмилаливу минтақавӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ табодули андеша намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0