https://sputnik.tj/20240702/vkd-rusiya-muhojironi-ghayriqonuni-rushd-1063397392.html
ВКД Русия: шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳоли афзоиш аст
ВКД Русия: шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳоли афзоиш аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилаи Русия таъкид кард, ки бархе аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши густурдаи ҷомеа мешаванд
2024-07-02T09:36+0500
2024-07-02T09:36+0500
2024-07-02T09:36+0500
муҳоҷират
русия
дар русия
владимир колоколтсев
вкд
ҷалби муҳоҷирон
ғайриқонунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.Дар ин бора вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев эълон кард.Ба гуфтаи вай, чунин раванд дар тамоми ниҳодҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, мушоҳида мешавад.“Дар ҳақиқат онҳо фаъолтар шуданд”, - гуфт оқои Колоколтсев дар маҷлиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба пешгирии чинояткорӣ.Илова бар ин, баъзе амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши васеи ҷомеа мегарданд, ки боиси афзоиши бадбинӣ байни миллатҳо мегардад."Масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба салоҳияти бисёр идораҳо, инчунин мақомоти вилоятҳо дахл доранд ва бояд бо талошҳои муштарак ҳал шаванд", - афзуд Колоколтсев.Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2024 беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, гуфт Ирина Волк, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия.Вай тавзеҳ дод, ки ҳамаи онҳо қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.Хонум Волк афзуд, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали амалиёти "Нелегал 2024", ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия гузаронида мешавад, дар як ҳафта беш аз 50 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст.Ҳамзамон, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуда, беш аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
https://sputnik.tj/20240424/matvienko-qonunguzori-muhojirat-rusiya-muhojiron-felan-1062622437.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, ғайриқонунӣ, вкд, колоколтсев, вокуниш
русия, муҳоҷират, ғайриқонунӣ, вкд, колоколтсев, вокуниш
ВКД Русия: шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳоли афзоиш аст
Вазири корҳои дохилаи Русия таъкид кард, ки бархе аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши густурдаи ҷомеа мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев эълон кард.
"Теъдоди ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, чунин раванд дар тамоми ниҳодҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, мушоҳида мешавад.
“Дар ҳақиқат онҳо фаъолтар шуданд”, - гуфт оқои Колоколтсев дар маҷлиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба пешгирии чинояткорӣ.
Илова бар ин, баъзе амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши васеи ҷомеа мегарданд, ки боиси афзоиши бадбинӣ байни миллатҳо мегардад.
"Масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба салоҳияти бисёр идораҳо, инчунин мақомоти вилоятҳо дахл доранд ва бояд бо талошҳои муштарак ҳал шаванд", - афзуд Колоколтсев.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2024 беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, гуфт Ирина Волк, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳамаи онҳо қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Хонум Волк афзуд, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали амалиёти "Нелегал 2024", ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия гузаронида мешавад, дар як ҳафта беш аз 50 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст.
Ҳамзамон, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуда, беш аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.