Ҳушдори обуҳавошиносон: Ҳавои Тоҷикистон ифлостар мешавад

© SputnikДушанбе накрыла пыльная буря
Душанбе накрыла пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳуiдор додааст, ки то 3 июли соли равон дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бештар мешавад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 3 июл дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ ва сар задании селҳои маҳаллӣ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, 2 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта боқӣ мемонад.
Инчунин то 3 июл эҳтимолияти дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Силуэт человека с зонтом за окном с каплями дождя  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2024
Ҳушдори КҲФ аз боронгариҳои шадид ва хатари омадани сел, резиши санг
Обуҳавошиносон ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Қайд карда шудааст, ки ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии обуҳавошиносии кишвар эълон кард, ки ҳаво дар моҳи июл дар Тоҷикистон гарм ва ҳарорат каме бештар аз меъёри иқлимӣ мешавад.
Барои мисол дар вилояти Хатлон давоми моҳ то 44 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0