https://sputnik.tj/20240625/hushdori-khf-borongari-khatari-omadani-sel-rezishi-sang-1063327182.html
Ҳушдори КҲФ аз боронгариҳои шадид ва хатари омадани сел, резиши санг
Ҳушдори КҲФ аз боронгариҳои шадид ва хатари омадани сел, резиши санг
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар бархе минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари омадани сел, резиши санг дар роҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад
2024-06-25T10:51+0500
2024-06-25T10:51+0500
2024-06-25T10:51+0500
дар тоҷикистон
кҳф
сангрезӣ
обу ҳаво
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/18/1063327573_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_661a371509298d6e285a2e6f15a75e2e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 24-26 июни соли 2024 хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, 27-28 уми июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, рӯзҳои 27-28 –уми июн ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шудааст, дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад.КҲФ аз аҳолие, ки дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқомат мекунанд ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.“Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд”,- хоҳиш кардааст КҲФ.Ҳамзамон Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад,ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.Аз аҳолӣ хоҳиш карда шудааст, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза намоянд.
https://sputnik.tj/20240624/harorat-baland-hushdor-obuhavosanjon-tojik-garmo-1063316766.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/18/1063327573_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6169a920df13d424608b670be994d31f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳудор, кҳф, обу ҳаво, сел, ярч, сангерзӣ, хатар
тоҷикистон, ҳудор, кҳф, обу ҳаво, сел, ярч, сангерзӣ, хатар
Ҳушдори КҲФ аз боронгариҳои шадид ва хатари омадани сел, резиши санг
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар бархе минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 24-26 июни соли 2024 хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, 27-28 уми июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, рӯзҳои 27-28 –уми июн ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шудааст, дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад.
КҲФ аз аҳолие, ки дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқомат мекунанд ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.
“Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд”,- хоҳиш кардааст КҲФ.
Ҳамзамон Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад,ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда шудааст, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза намоянд.