Имзои беш аз 100 санади ҳамкорӣ дар доираи намоишгоҳи “Экспо Суғд – 2024” - видео

Обуна шудан
Дар доираи Намоишгоҳи байналмиллалии “Савдо Суғд - 2024” даҳҳо соҳибкорони хориҷӣ бо соҳибкорони тоҷик сӯҳбату мулоқотҳо анҷом доданд
Рӯзҳои 18 -19 июн саҳну атрофи “Қасри варзиш” и шаҳри Хуҷанд пур аз соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ буд.
Ғайрат Қобилзода, муовини Раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар заминаи баргузории ин намоишгоҳи байналмиллалӣ 104 санади ҳамкорӣ аз ҷумла ёддошти тафоҳум, созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шудааст.
Бо ширкатҳои Ӯзбекистон 44 санад
Бо ширкатҳои Русия 29 санад
Бо ширкатҳои Эрон 18 санад
Бо ширкатҳои Қазоқистон 12 санад
Бо ширкати Белорусия 1 санад ба имзо расонида шудааст.
Ин барои бори даҳум аст, ки намоишгоҳи байналмиллалии “Суғд -водии имкониятҳо” дар маркази шимоли Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Аз молу маҳсулоти кишоварзӣ то саноатӣ: Намоишгоҳи “Экспо - Суғд 2024” дар Хуҷанд – видео
Намоишгоҳи байналмиллалии “Экспо Суғд – 2024” рӯзҳои 17 – 19 уми июн дар Хуҷанд доир гардид ва дар он беш аз 600 соҳибкор ва намояндаи ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла Русия, Туркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон ва Қирғизистону Қазоқистон ҳузур доштанд.
Коршиносони умури иқтисод баргузории ин қабил чорабиниҳои ҷаҳониро як майдони фарох барои ҷалби сармоягузорӣ ва имкони матраҳ намудани ҳамкориҳои муштарак миёни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0