https://sputnik.tj/20240701/tajlili-boshukuhi-jashni-bostoni-dar-dushanbe--video-1063394091.html
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бостонӣ дар Душанбе – видео
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бостонӣ дар Душанбе – видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе, ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид
2024-07-01T17:10+0500
2024-07-01T17:10+0500
2024-07-01T17:10+0500
видео
душанбе
кишоварзӣ
ҳосил
зироат
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/01/1063393897_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_73306058dc821ba92d02020af50c07b8.jpg
Дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон баргузор гардид, ки дар он аз тамоми қаламрави кишвар деҳқонону кишоварзон ҷамъ омада маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.Дар доираи таҷлил аз ҷашни аҷдодиамон – Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор доир гардид.Таҷлили бошукӯҳу шаҳомати ҷашни Тиргон дар Душанбе – аксИлова бар ин дастранҷи кишоварзон аз қабили навъҳои гуногуни зардолу ва анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагиҳо, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуз, маҳсулоти ниёзи аввалия ба монандӣ картошкаю пиёз, сабзавот ва навъҳои гуногуни таъомҳои миллӣ, техникаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.Истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоед: даъвати Раҳмон аз кишоварзони кишварМақомдорони тоҷик гуфтанд, ки ҷашни тиргон тамоми кишоварзони кишварро ба ҳам оварда, ба онҳо имконият медиҳад, ки бо маҳсули дастранҷ ва таҷрибаи кори якдигар шинос шаванд.Маврид ба зикр аст, ки Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷамоварии дастранҷи деҳқон мебошад. Таҷлил намудани ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии анъанаҳои аҷдодиамон ба ҷомеи ҷаҳонӣ мусоидат мешамояд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/01/1063393897_175:0:1135:720_1920x0_80_0_0_ca51350831969526a35d8ac2170fbf19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, тиргон, ҷашн, таҷлил, видео, зардолу, хушкмева
душанбе, тиргон, ҷашн, таҷлил, видео, зардолу, хушкмева
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бостонӣ дар Душанбе – видео
Дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе, ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид
Дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон баргузор гардид, ки дар он аз тамоми қаламрави кишвар деҳқонону кишоварзон ҷамъ омада маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи таҷлил аз ҷашни аҷдодиамон – Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор доир гардид.
Илова бар ин дастранҷи кишоварзон аз қабили навъҳои гуногуни зардолу ва анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагиҳо, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуз, маҳсулоти ниёзи аввалия ба монандӣ картошкаю пиёз, сабзавот ва навъҳои гуногуни таъомҳои миллӣ, техникаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Мақомдорони тоҷик гуфтанд, ки ҷашни тиргон тамоми кишоварзони кишварро ба ҳам оварда, ба онҳо имконият медиҳад, ки бо маҳсули дастранҷ ва таҷрибаи кори якдигар шинос шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷамоварии дастранҷи деҳқон мебошад.
Таҷлил намудани ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии анъанаҳои аҷдодиамон ба ҷомеи ҷаҳонӣ мусоидат мешамояд.