https://sputnik.tj/20240630/mahsulot-bozori-tojikiston-rusiya-vorid-meshavad-1063384390.html
30% маҳсулот дар бозори Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад
30% маҳсулот дар бозори Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон таъкид намудааст, ки қисми зиёди маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз кишври Русия ворид мешавад.
2024-06-30T10:24+0500
2024-06-30T10:24+0500
2024-06-30T10:24+0500
дар тоҷикистон
русия
гумрук
ҳамкорӣ
содирот
воридот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/78/1029757815_0:169:1620:1080_1920x0_80_0_0_984862001cf57d74be5a35affcbd15bb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Русия Алексей Фролов дар дидо бо Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғди Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев таъкид кардааст, ки табодули коло миёни вилоятҳои Урал бо корхонаҳои Тоҷикистон тақвият меёбанд.Қайд карда шудааст, ки мавзӯи асосие, ки дар дидор баррасӣ шудааст, ин масъалаи назорати гумрукӣ ва фитосанитарии меваю сабзавот мебошад.Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғди Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев, ҷумҳурӣ аз аввали сол ба Русия ба маблағи 8,1 млн доллар ё 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 2,4 млн доллар бештар аст.Дар минтақаи Урал вазъ дигар аст. Имсол аз Тоҷикистон ба ин минтақа меваю сабзавот содирот нашудааст, вале ба ин ҷумҳурӣ аз ин минтақаи Русия бархе аз навъи молҳо воридот шудааст.Дар набати худ ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот қайд кардааст, ки Русия барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ аст.Намояндаи гумруки Тоҷикистон илова кардааст, ки ҳамкориҳои хадамоти гумрукӣ бояд тақвият дода шаванд.
https://sputnik.tj/20240629/rusiya-poksozii-zaminho-tojikiston-osor-uran-mlrd-rubl-judo-1063383995.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/78/1029757815_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_5db5aa6ad7b94ed6804e9c9cfd4e6925.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисод, гумрук, содирот, воридот
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисод, гумрук, содирот, воридот
30% маҳсулот дар бозори Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад
Мақомоти Тоҷикистон таъкид намудааст, ки қисми зиёди маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз кишври Русия ворид мешавад.
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Русия Алексей Фролов дар дидо бо Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғди Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев таъкид кардааст, ки табодули коло миёни вилоятҳои Урал бо корхонаҳои Тоҷикистон тақвият меёбанд.
“Мо афзоиши хурд, вале дар айни замон муътадилро дар савдои байни ҳамдигар мебинем. Мақомоти гумруки ҳарду кишвар бояд ёварони рушди бозорҳои нав шаванд, аз ин рӯ мо бо ҳамкорони тоҷикистонӣ мустақиман тамос гирифта, хусусиятҳои назоратро дар кишварҳои худ баррасӣ мекунем”,-таъкид кард ӯ.
Қайд карда шудааст, ки мавзӯи асосие, ки дар дидор баррасӣ шудааст, ин масъалаи назорати гумрукӣ ва фитосанитарии меваю сабзавот мебошад.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғди Тоҷикистон Фарҳод Зикруллоев, ҷумҳурӣ аз аввали сол ба Русия ба маблағи 8,1 млн доллар ё 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 2,4 млн доллар бештар аст.
Дар минтақаи Урал вазъ дигар аст. Имсол аз Тоҷикистон ба ин минтақа меваю сабзавот содирот нашудааст, вале ба ин ҷумҳурӣ аз ин минтақаи Русия бархе аз навъи молҳо воридот шудааст.
Дар набати худ ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот қайд кардааст, ки Русия барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ аст.
“30%-и маҳсулот ба бозори Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад. Ҳамчунин афзоиши интиқоли мол аз Тоҷикистон ба Русияро қайд мекунем”, - таъкид кард Фарҳод Зикруллоев.
Намояндаи гумруки Тоҷикистон илова кардааст, ки ҳамкориҳои хадамоти гумрукӣ бояд тақвият дода шаванд.