Зарфи 4 рӯзи амалиёти густурдаи СПАД ҳудуди як тонна маводи мухаддир мусодира шуд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкГашиш, архивное фото
Гашиш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2024
Обуна шудан
Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин 78 силоҳи оташфишон ва қариб 5 ҳазор лавозимоти ҷангӣ мусодира шуда, 27 ҳазор муомилоти молии шубҳанок ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти густурдаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири "Долон - санҷиши Шарқи дур" дар тӯли чанд рӯз ҳудуди як тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба Михаил Мелихов, мушовири котиботи СПАД, муовини дабири Шӯрои ҳамоҳангсозии раҳбарони ниҳодҳои салоҳиятдор дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД менависад.
"Тақрибан як тонна маводи мухаддир мусодира шуд", - гуфт Мелихов ва тавзеҳ дод, ки ин маълумоти пешакӣ барои 4 рӯз аст.
Дар навбати худ котиботи созмон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни амалиёт 78 аслиҳаи оташфишон ва қариб 5 ҳазор лавозимоти ҷангӣ низ мусодира шуда, 27 ҳазор муомилоти шубҳаноки молиявии сесад нафар шаҳрвандон ба маблағи беш аз 16 миллиард рубл ошкор шудааст.
Амалиёти зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухад"Долон - санҷиши Шарқи дур" дар қаламрави Беларус то Чин гузаронида шуд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Мусодираи беш аз 5 тонна маводи мухаддир дар Тоҷикистон: гардиши героину ҳашиш зиёд шуд
Ин амалиёт аз 24 то 28 июни соли ҷорӣ дар қаламрави кишварҳои узви СПАД сурат гирифт.
Дар он ниҳодҳои қудратӣ, марзбонӣ ва гумрукӣ, ниҳодҳои амниятии давлатӣ ва ниҳодҳои кашфи молии кишварҳои узви СПАД ширкат доштанд.
Ҳадафҳои ин амалиёт ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир, моддаҳои нави психоактивӣ ва таъсирбахш ба минтақаҳои масъулияти СПАД, безарар гардонидани гурӯҳҳои байналмилалии фаромиллии маводи мухаддир, аз байн бурдани истеҳсоли пинҳонии маводи мухаддир, инчунин барҳам задани асосҳои иқтисодии тиҷорати маводи мухаддир ва рафъи мубориза бо маводи мухаддир мебошад.
Лентаи хабарҳо
0