Тоҷикистон кишвари сабз мешавад: Раҳмон барномаи давлатиро қабул кард

© iStock.com \ AvigatorPhotographerДорога, проходящая через лес
Дорога, проходящая через лес - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2024
Обуна шудан
Дар нақша аст, бо шинонидани миллионҳо бех ниҳолу бутта, майдонҳои сарсабз барои амнияти экологии сокинон бештар гардад
ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳадаф гузоштаанд, ки ҷумҳуриро комилан ба "Кишвари сабз" табдил диҳанд.
Барои ин Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қаблу шуд.
Ин барномаро дар ҷаласае пас аз ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Эмомалӣ Раҳмон мақбул донист.
Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия гардидааст.
Ҳадафи он коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра аст.
Солнечные батареии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2024
Давоми ҳашт сол Тоҷикистон пурра ба энергетикаи "сабз" мегузарад
Дар пайт қабули барнома президент ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш додааст, ки барои татбиқи пурсамари он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки шумораи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ зиёд ва самараи кори онҳо беҳтар карда шавад.
Дар нақша аст, бо шинонидани миллионҳо бех ниҳолу бутта, майдонҳои сарсабз барои амнияти экологии сокинон бештар гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи чунин як баномаву ҳадаф, раисҷумҳури кишвар зимни ироа паёми солонааш хабар дода, чунин самтро такондиҳандаи иқтисоди сабз хонд.
Лентаи хабарҳо
0