https://sputnik.tj/20240612/hasht-sol-tojikiston-energetikai-sabz-1063189529.html
Давоми ҳашт сол Тоҷикистон пурра ба энергетикаи "сабз" мегузарад
Давоми ҳашт сол Тоҷикистон пурра ба энергетикаи "сабз" мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ки то соли 2032 неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи "сабз" истеҳсол карда мешавад
2024-06-12T11:29+0500
2024-06-12T11:29+0500
2024-06-12T11:29+0500
дар тоҷикистон
энергетика
энергетика
иқтисоди "сабз"
сабз
истеҳсол
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102702/00/1027020053_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_56632513c27deb62ecd6494caade8767.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" гуфт иқтисоди ва энергетикаи "сабз" барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад.“Мо талошҳои худро барои гузаштан ба иқтисоди "сабз" дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад”, — гуфт ӯ.Вай илова кард, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100% расонад.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки тавлиди неруи барқ дар ин давом пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи "сабз" ба роҳ монда мешавад.Ҳамзамон вай зикр кард, ки дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи неруи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон "Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040” қабул карда шуд, ки тибқи он, дар ин давра бояд зиёда аз 2 млрд ниҳол шинонида шавад.
https://sputnik.tj/20240612/tojikiston-arabiston-saudi-buhron-ob-hamkorii-1063189216.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102702/00/1027020053_35:0:935:675_1920x0_80_0_0_1fc870fa7b5ed57107fcf3df2316b014.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, сабз, гузариш, эмомалӣ раҳмон, конфронс, об, истеҳсол
тоҷикистон, энергетика, сабз, гузариш, эмомалӣ раҳмон, конфронс, об, истеҳсол
Давоми ҳашт сол Тоҷикистон пурра ба энергетикаи "сабз" мегузарад
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ки то соли 2032 неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи "сабз" истеҳсол карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" гуфт иқтисоди ва энергетикаи "сабз" барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад.
“Мо талошҳои худро барои гузаштан ба иқтисоди "сабз" дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад”, — гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100% расонад.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки тавлиди неруи барқ дар ин давом пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи "сабз" ба роҳ монда мешавад.
“То соли 2037 ба "кишвари сабз" табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Ҳамзамон вай зикр кард, ки дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи неруи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон "Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040” қабул карда шуд, ки тибқи он, дар ин давра бояд зиёда аз 2 млрд ниҳол шинонида шавад.