“Росатом” мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии атомӣ созад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМакет атомной электростанции "Аккую", которую строят в турецком городе Гюльнар.
Макет атомной электростанции Аккую, которую строят в турецком городе Гюльнар. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Ширкати русии "Росатом" ахиран эълон кардааст, ки омода аст, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқии атомӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Муовини директори кулли ширкати "Росатом" Николай Спасский дар маросими анҷоми лоиҳаи барқарорсозии партовгоҳҳои "Табошар", гуфт ширкаташ омода аст, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқии атомӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
"Агар ҷониби Тоҷикистон ба бунёди энержии ҳастаӣ таваҷҷуҳ кунад.<...> Мо салоҳият, технология, сармоя, шарикӣ ва дӯстӣ дорем, ки имкон медиҳад, дар бораи лоиҳаҳои азимтарин андеша кунем", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бештар ба рушди соҳаи энергияи сабз, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ такя мекунад. Ба ҳамин хотир дар солҳои ахир чандин лоиҳаи бузурги сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ ба роҳ монда шудааст.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Намехоҳем, аммо маҷбурем: Бозгашти "лимит"-и барқ ба Тоҷикистон ва шарҳи "Барқи тоҷик"
Ёдовар мешавем, ки қаблан ширкати “Росатом” дар бораи сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар кишвари ҳамсоя- Ӯзбекистон хабар дода буд.
Он замон қайд карда шуда буд, ки Узбекистон бо бунёди неругоҳи ҳастаӣ солона то 3 миллиард метри мукааб газро сарфа хоҳад кард.
Мақомоти Ӯзбекистон хабар дода буд, ки неругоҳи ҳастаӣ то соли 2030 ҳудуди 15-18 дарсади талаботи Узбекистон бо барқ таъмин мекунад. Минтақае дар назди кӯли Тузкан дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон майдони мувофиқ барои сохтмони неругоҳ интихоб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0