Қатъи обрасонӣ дар Душанбе: оби Варзоб лой шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2024
Обуна шудан
Аз шаҳрвандон хоҳиш шудааст, ки ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро то муътадил гардидани тирагии об дар дарёи Варзоб дарк намоянд.
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар бархе аз навоҳии Душанбе обрасонӣ муваққатан қатъ гардид.
Сабаб боридани боронҳои шадид дар ноҳияи Варзоб ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб буда, бинобар ин фишори об паст карда шудааст.
Дар ин бора КВД "Обу корези" пойтахт гузориш медиҳад.
Қатъи обрасонӣ ба маҳалҳое дахл дорад, ки аз истгоҳҳои обкашии "Худчореъ" ва "Фишор" об мегиранд.
"Ҳолати мазкур муваққатӣ буда, ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад", - омадааст дар эълон.
Аммо замони дақиқи азсаргирии пешниҳоди об гуфта нашудааст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш шудааст, ки ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро то муътадил гардидани тирагии об дар дарёи Варзоб дарк намоянд.
Чашмаи оби ширин дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2024
Чашмаи оби ширин дар Хуҷанд чӣ гуна ба сокинон ҳаловат мебахшад – видео
Дар ҳаминҳол дар расонаҳои иҷтимоӣ сокинон шикоят доранд, ки масъулини соҳа бояд пешакӣ эълон медоданд то захираҳо ва омодагиҳо сурат гирад, аммо чунин нашуд ва дер огоҳ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин чандумин ҳолат дар соли ҷорӣ дар пайи чунин ҳолат қатъи обрасонӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0