https://sputnik.tj/20240531/chashma-ob-shirin-khujand-video-1063053980.html
Чашмаи оби ширин дар Хуҷанд чӣ гуна ба сокинон ҳаловат мебахшад – видео
Чашмаи оби ширин дар Хуҷанд чӣ гуна ба сокинон ҳаловат мебахшад – видео
Sputnik Тоҷикистон
Ин чашма дар гӯшае аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди як маҳаллаи кучаки ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ аст 31.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-31T19:11+0500
2024-05-31T19:11+0500
2024-05-31T19:11+0500
видео
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063053804_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_967d545ee963ab78a12bc1f2204bdd12.png
Сокинон аз ҳар манотиқи Суғд барои бурдани об бо сатил ва зарфҳои гуногун ба ин макон меоянд. Ба хусус дар фасли баҳору тобистон таваҷҷӯҳ бештар мегардад ва навбатпоии зиёд дар назди ин чашмаи ширин мушоҳида мешавад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои обкашии сокинон аз ин чашмаи ширинро ба дурвини худ сабт кард.Далерҷон Маҳмудов, яке аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, шаш сол мешавад, ки барои гирифтани оби ширини ин чашма меояд, ки масофаи миёни хонааш ва чашма ҳудуди 20 километр аст. Аммо дурии роҳ ба назари вай наменамояд, зеро аз оби ширини ин чашма ҳама аҳли хонаводааш ҳаловат мебаранд. Онҳое, ки аз ин ҷо об мегиранд ба ҷузъ ширинӣ дар бораи хусусияти шифобахшии ин чашма таъкид меварзанд, ки оби он барои муътадил гардонидани системаи гурдаҳо ва кори меъда дар организм муфид будааст. Кӯли хушкшуда дар Бӯстон барқарор шуд - видеоСокинони кӯҳансоли Хуҷанд мегуянд, ин чашмаи софу ширин ҳанӯз дар солҳои 70 – 80 уми замони Шӯравӣ аз сӯи механизаторони рус дар ҳудуди парки тракторҳои колхози ба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати Ёва кашф шуда буд. Баъзеҳо ҳоло номи ин чашмаи ширинро “оби пахта тинг тинг” ҳам мегуянд бо он, ки ба ҷойи парки таракторҳо сехи пахташонакунӣ (пахта тинг – тинг) фаъол карда шудааст. Бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар парки тракторҳо хусусӣ шуд, колхозҳо барҳам хурданд ва ё таҷдид карда шуданд, вале ин неъмати табиат чашмаи ширин боқисту дар ҳама фасли сол фаввора мезанад ва ҳазорҳо сокинон аз оби он нӯши ҷон мекунанд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063053804_251:0:1691:1080_1920x0_80_0_0_7fbfc3aa23cd919a72e87e1606faf723.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хуҷанд, видео
Чашмаи оби ширин дар Хуҷанд чӣ гуна ба сокинон ҳаловат мебахшад – видео
Ин чашма дар гӯшае аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди як маҳаллаи кучаки ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ аст
Сокинон аз ҳар манотиқи Суғд барои бурдани об бо сатил ва зарфҳои гуногун ба ин макон меоянд. Ба хусус дар фасли баҳору тобистон таваҷҷӯҳ бештар мегардад ва навбатпоии зиёд дар назди ин чашмаи ширин мушоҳида мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои обкашии сокинон аз ин чашмаи ширинро ба дурвини худ сабт кард.
Далерҷон Маҳмудов, яке аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, шаш сол мешавад, ки барои гирифтани оби ширини ин чашма меояд, ки масофаи миёни хонааш ва чашма ҳудуди 20 километр аст. Аммо дурии роҳ ба назари вай наменамояд, зеро аз оби ширини ин чашма ҳама аҳли хонаводааш ҳаловат мебаранд.
“Ҳар дафъа ба 6 - 7 бочка ҷамъ 150 -160 литр об гирифта бо мошин мебаремю Давоми 8-10 рӯз мерасад. Азбаски оби дар хонаҳо ҷоримешуда шур буда чандон маззае ҳам надорад, ҳама аҳли хонавода оби ин чашмаро таъйин мекунанд. Мо ин обро барои чойнӯшӣ истифода мекунем”, – гуфт, ӯ.
Онҳое, ки аз ин ҷо об мегиранд ба ҷузъ ширинӣ дар бораи хусусияти шифобахшии ин чашма таъкид меварзанд, ки оби он барои муътадил гардонидани системаи гурдаҳо ва кори меъда дар организм муфид будааст.
Сокинони кӯҳансоли Хуҷанд мегуянд, ин чашмаи софу ширин ҳанӯз дар солҳои 70 – 80 уми замони Шӯравӣ аз сӯи механизаторони рус дар ҳудуди парки тракторҳои колхози ба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати Ёва кашф шуда буд.
Баъзеҳо ҳоло номи ин чашмаи ширинро “оби пахта тинг тинг” ҳам мегуянд бо он, ки ба ҷойи парки таракторҳо сехи пахташонакунӣ (пахта тинг – тинг) фаъол карда шудааст.
Бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар парки тракторҳо хусусӣ шуд, колхозҳо барҳам хурданд ва ё таҷдид карда шуданд, вале ин неъмати табиат чашмаи ширин боқисту дар ҳама фасли сол фаввора мезанад ва ҳазорҳо сокинон аз оби он нӯши ҷон мекунанд.