БАОР гуфт, ба соҳаи нақлиёти ИИАО бояд чӣ қадар маблағ сармоягузорӣ кард

© iStock.com \ Milos-MullerГрузовики на шоссе
Грузовики на шоссе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2024
Обуна шудан
Барои пешрафти соҳаи нақлиёт дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд беш аз 250 млрд доллар сармоягузорӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Барои фароҳам овардани имкони “номаҳдуд” барои интиқол ва транзити молҳо дар дохили минтақа ба соҳаи нақлиёти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд беш аз 250 млрд доллар сармоягузорӣ лозим аст.
Дар ин бора сардори Раёсати лоиҳаҳои стратегии Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) Виктор Лебедев дар форуми тиҷоратӣ гуфт.
Ба гуфтаи вай, кишварҳои узви ин бонк дар раддабандии ҷаҳонии самаранокии логистикӣ ҷойҳои 79-123-ро ишғол мекунанд. Вобаста ба ин, БАОР барои беҳбуди вазъ талош хоҳад кард.
Лебедев тавзеҳ дод, ки Осиёи Марказӣ дар оянда метавонад "як чорроҳаи байни бозорҳои азим гардад", аммо ин сармоягузорӣ лозим аст.
"Мо интизор дорем, ки то соли 2030 гардиши мол [дар ИИАО] 38% афзоиш ёбад. Ин маблағи бузург аст, барои ин корҳои зиёдеро анҷом додан лозим аст. Агар мо тавонем ҳама маҳдудиятҳоеро, ки дар соҳаи нақлиёт вуҷуд доранд, ҳал кунем, ин боиси афзоиши назарраси гардиши мол байни кишварҳо мегардад", - афзуд Виктор Лебедев.
Национальный флаг Ирана над Тегераном.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2024
Эрон: Тасвиби созишнома бо ИИАО метавонад ҳаҷми муомилоти тиҷориро афзоиш диҳад
Вай илова кард, ки миқдори хеле зиёди маводи ғизоӣ аз кишварҳои дигар ворид карда мешавад ва то 70%-и ин воридотро метавон бо истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ иваз кард.
“Дар наздикии минтақа бозорҳои бузурги маводи ғизоӣ вуҷуд доранд: пеш аз ҳама Чин ва Ҳиндустон, ки дар онҳо тақрибан 3 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд", - қайд кард Лебедев.
Қаблан раиси маркази таҳқиқоти ҳамгироӣ Александр Забоев гуфта буд, ки дар оянда дар қаламрави АвруОсиё чанд хатсайри иловагии нақлиётӣ ифтитоҳ мешавад.
Ба ин лоиҳа бояд Чин, Русия, Муғулистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамроҳ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0