https://sputnik.tj/20240626/eron-tasvibi-sozishnoma-bo-iiao-metavonad-hajmi-muomiloti-tijoriro-afzoish-dihad-1063355275.html
Эрон: Тасвиби созишнома бо ИИАО метавонад ҳаҷми муомилоти тиҷориро афзоиш диҳад
Эрон: Тасвиби созишнома бо ИИАО метавонад ҳаҷми муомилоти тиҷориро афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири хориҷаи Эрон ахиран зимни як нишасти матбуотӣ дурнамои муомилоти тиҷорӣ бо Русия ва кишварҳои узви ИИАО-ро арзёбӣ кард
2024-06-26T18:11+0500
2024-06-26T18:11+0500
2024-06-26T18:11+0500
русия
дар русия
эрон
ҳамкорӣ
ииао
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_265:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_65b2863b2e152f4a8a0293ae39d66132.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тасвиби созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Эрон ва Русия метавонад ба ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ мусоидат кунад ва тиҷоратро 30-40 дарсад афзоиш диҳад, гуфт Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.Ҳафтаи гузашта сухангӯи ҳукумати Эрон гуфта буд, ки ҳукумат лоиҳаи қонуни тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд ва ба парлумон пешниҳод кардааст.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин як ҳафта пеш қонунро дар бораи тасвиби созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба имзо расонд."Русия ва Эрон созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонданд ва ба назари ман, муомилот дар чаҳорчӯби ин созишнома то ба ҳол хуб рушд кардааст. Аммо пас аз ин тасвиб ман фикр мекунам, муомилоти тиҷоратӣ, миёни Эрону Русия ва ҳамчунин миёни Эрон ва дигар кишварҳои ИИАО 30-40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт”, - гуфт Сафарӣ.Созишнома миёни ҷонибҳо дар шаҳри Санкт-Петербург 25 декабри соли 2023 ба имзо расида буд.Ҳадафи он соддагардонии тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Эрон тавассути коҳиш ё аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритарувавӣ ва дастгирии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20240625/mizoni-bekori-kishvarhoi-iiao-kohish-1063335373.html
русия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_1175:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_fe8029d3cb390470a0331d23e9f5b5ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, ииао, созишнома, тасвиб, тиҷорат, муомилот, дурнамо
русия, эрон, ииао, созишнома, тасвиб, тиҷорат, муомилот, дурнамо
Эрон: Тасвиби созишнома бо ИИАО метавонад ҳаҷми муомилоти тиҷориро афзоиш диҳад
Муовини вазири хориҷаи Эрон ахиран зимни як нишасти матбуотӣ дурнамои муомилоти тиҷорӣ бо Русия ва кишварҳои узви ИИАО-ро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тасвиби созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Эрон ва Русия метавонад ба ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ мусоидат кунад ва тиҷоратро 30-40 дарсад афзоиш диҳад, гуфт Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.
Ҳафтаи гузашта сухангӯи ҳукумати Эрон гуфта буд, ки ҳукумат лоиҳаи қонуни тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд ва ба парлумон пешниҳод кардааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин як ҳафта пеш қонунро дар бораи тасвиби созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба имзо расонд.
"Русия ва Эрон созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонданд ва ба назари ман, муомилот дар чаҳорчӯби ин созишнома то ба ҳол хуб рушд кардааст. Аммо пас аз ин тасвиб ман фикр мекунам, муомилоти тиҷоратӣ, миёни Эрону Русия ва ҳамчунин миёни Эрон ва дигар кишварҳои ИИАО 30-40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт”, - гуфт Сафарӣ.
Созишнома миёни ҷонибҳо дар шаҳри Санкт-Петербург 25 декабри соли 2023 ба имзо расида буд.
Ҳадафи он соддагардонии тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Эрон тавассути коҳиш ё аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритарувавӣ ва дастгирии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.