https://sputnik.tj/20240627/rasonaho-pentagon-siloh-kiev-intiqol-chi-shud-1063369609.html
Расонаҳо: Пентагон намедонад, ки бо силоҳҳои ба Киев интиқолёфта чӣ шуд
Расонаҳо: Пентагон намедонад, ки бо силоҳҳои ба Киев интиқолёфта чӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Русия борҳо таъкид кардааст, ки аслиҳаи Украина ба кишварҳои дигар, аз ҷумла дар кишварҳои аврупоӣ низ мерасад 27.06.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-06-27T16:52+0500
2024-06-27T16:52+0500
2024-06-27T16:52+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амрико
пентагон
украина
амният ва мудофиа
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1b/1063369498_0:35:3072:1763_1920x0_80_0_0_6167239d810d27160991ab39d9c6c603.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Пентагон намедонад, ки бо $62 млн аслиҳае, ки ба Киев интиқол дода шуд, чӣ шуд, менависад Daily Caller. Маълум мешавад, ки назорат аз болои истифодаи ниҳоии силоҳ ба ин миқдор мебоист амалӣ мешуд. Ҳамчунин, набуди иттилоъ дар бораи талафоти таҷҳизот хатари онро афзоиш медиҳад, ки силоҳҳои интиқолшуда ба Украина дигар ба Пентагон ҳисобот намедиҳанд.Ба навиштаи нашрия, Фармондеҳии аврупоии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА бо вуҷуди ироа шудани чунин гузоришҳо дар бораи талафоти таҷҳизоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина гузоришҳои муназзам ва муфассал дарёфт накардааст."Вақте, ки аз талафоти ибтидоии ашёи ҳарбӣ то гузориши талафоти ниҳоӣ гузашт, 301 рӯзро ташкил дод, дар ҳоле ки тибқи талабот гузориш дар давоми тақрибан 30 рӯз бояд пешниҳод карда шавад", - гуфта мешавад дар мавод.Гузашта аз ин, менависад Daily Caller, ҷониби Амрико таҳлил накардааст, ки оё силоҳҳои ба Украина интиқолёфта ба дасти низомиёни Русия афтоданд ё не. Тавре расонаҳои амрикоӣ дар охири моҳи март гузориш доданд, он вақт Вашингтон барои дастгирии низомӣ аз Украина $113 млрд сарф кардааст. Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки кишварҳои НАТО алакай ба иштирокчиёни мустақими низоъ табдил ёфтаанд ва бо силоҳ пур кардани Киев муқовиматро танҳо дароз мекунад, аммо вазъро дар майдони набард тағйир намедиҳад.
https://sputnik.tj/20240617/pushilin-sulh-ukraina-rusiya-lozim-nest-1063241602.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1b/1063369498_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2fce48ad423d0223efa8070a411589ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амрико, пентагон, украина, амният ва мудофиа, амалиёти вижа
дар ҷаҳон, амрико, пентагон, украина, амният ва мудофиа, амалиёти вижа
Расонаҳо: Пентагон намедонад, ки бо силоҳҳои ба Киев интиқолёфта чӣ шуд
Ҷониби Русия борҳо таъкид кардааст, ки аслиҳаи Украина ба кишварҳои дигар, аз ҷумла дар кишварҳои аврупоӣ низ мерасад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Пентагон намедонад, ки бо $62 млн аслиҳае, ки ба Киев интиқол дода шуд, чӣ шуд, менависад Daily Caller.
Маълум мешавад, ки назорат аз болои истифодаи ниҳоии силоҳ ба ин миқдор мебоист амалӣ мешуд.
"Аммо гузориш додан ва пайгирии масъалаҳои байни нерӯҳои ИМА ва Украина боиси набуди маълумот дар бораи он шуд, ки кадом таҷҳизот то моҳи ноябри соли 2023 нобуд, гумшуда ё ба самти дигар интиқол дода шудаанд", навиштааст нашрия бо истинод ба гузориши нозири генералии вазорати дифои ИМА.
Ҳамчунин, набуди иттилоъ дар бораи талафоти таҷҳизот хатари онро афзоиш медиҳад, ки силоҳҳои интиқолшуда ба Украина дигар ба Пентагон ҳисобот намедиҳанд.
Ба навиштаи нашрия, Фармондеҳии аврупоии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА бо вуҷуди ироа шудани чунин гузоришҳо дар бораи талафоти таҷҳизоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина гузоришҳои муназзам ва муфассал дарёфт накардааст.
"Вақте, ки аз талафоти ибтидоии ашёи ҳарбӣ то гузориши талафоти ниҳоӣ гузашт, 301 рӯзро ташкил дод, дар ҳоле ки тибқи талабот гузориш дар давоми тақрибан 30 рӯз бояд пешниҳод карда шавад", - гуфта мешавад дар мавод.
Гузашта аз ин, менависад Daily Caller, ҷониби Амрико таҳлил накардааст, ки оё силоҳҳои ба Украина интиқолёфта ба дасти низомиёни Русия афтоданд ё не.
Тавре расонаҳои амрикоӣ дар охири моҳи март гузориш доданд, он вақт Вашингтон барои дастгирии низомӣ аз Украина $113 млрд сарф кардааст.
Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки кишварҳои НАТО алакай ба иштирокчиёни мустақими низоъ табдил ёфтаанд ва бо силоҳ пур кардани Киев муқовиматро танҳо дароз мекунад, аммо вазъро дар майдони набард тағйир намедиҳад.