Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи "НБО-и Роғун

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПлотина на Рогунской ГЭС
Плотина на Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки бо Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи "НБО-и Роғун (лоти 4)" ба тавофуқ расидааст
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар ҳошияи баргузории Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа сурат гирифт, ки дар он Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ додааст вазорати молияи Тоҷикистон
“Дар ин мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузории чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи "НБО-и Роғун (Лоти 4)" ба имзо расонида шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ёддошти тафоҳумро Файзиддин Қаҳҳорзода ва доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2024
Тоҷикистон ният дорад 70% нерӯи барқи тавлидшуда аз НБО “Роғун”-ро ба хориҷ фурӯшад
Инчунин Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб Валид ал — Баҳар мулоқот кардааст, ки дар он ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ инчунин ҷонибҳо вобаста ба ҷалби маблағи кумаки техникӣ барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои нави афзалиятноки ҷумҳурӣ ва доир ба ҳаммаблағгузории Фонд дар лоиҳаи сохтмони "Неругоҳи барқии обии Роғун" (Лоти 4) ибрози андеша намуданд.
Лентаи хабарҳо
0