ИМА 8 шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели иртибот бо террористон ихроҷ кард

© AP / Alex BrandonЗдание ФБР имени Дж. Эдгара Гувера в Вашингтоне
Здание ФБР имени Дж. Эдгара Гувера в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2024
Обуна шудан
Коршиносон мегӯянд, афзоиши ногаҳонии шумори муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ метавонад бо омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Амрико рабт дошта бошад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти интизомӣ бо гумони иртибот бо террористон боздошт ва ба зудӣ ихроҷ хоҳанд кард.
Дар ин бора вазири амнияти дохилии ИМА Алехандро Майоркас изҳор дошт.
"Ҳашт нафаре, ки шумо зикр кардед, воқеан дар ҳабс ҳастанд", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ҷониби маъмурони интизомӣ боздошт шудаанд ва ҳоло расмиёти ихроҷ аз қаламрави Амрикоро аз сар мегузаронанд.
Қаблан NBC News хабар дода буд, ки гумонбарон аз ҷониби маъмурони Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА боздошт шудаанд, вале фаъолияти онҳо дар тӯли чанд моҳ аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот (FBI) таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Манобеъ ба ин шабака гуфтаанд, ки ФБР зарур мешуморад, ки ҳашт нафарро ба иттиҳоми иртибот бо ДИИШ ҳабс кунад, ҳарчанд онҳо то ҳол бо иттиҳоми тавтеъаи терроризм муттаҳам нашудаанд.
Прибытие поездов из Средней Азии в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2024
Ба Русия чанд нафар рафтаанду ба Аврупою Амрико чӣ қадар? Омори муҳоҷирати сокинони Суғд
Ба навиштаи ин нашрия, намояндагони Конгресс қасд доранд, салоҳияти ниҳодҳои марзбонӣ дар ташхиси муҳоҷиронро барои тафтиши иртибот бо терроризм ё ҷинояткорӣ тафтиш кунанд.
Нашрия ҳамчунин таъкид мекунад, ки бархе аз боздоштшудаҳо дар замони боздошт беш аз як сол дар Амрико қарор доштаанд.
Дар навбати худ, рӯзномаи New York Post рӯзи 20 июн бо такя ба асноди дар дасташ буда хабар дод, ки аз соли 2020 то соли 2024 беш аз 1,5 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон марзи ҷанубии Амрикоро убур кардаанд.
Ба гуфтаи коршинос, афзоиши якбораи шумори муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ метавонад бо омодагии ДОИШ ба ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави ИМА рабт дошта бошад.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0