https://sputnik.tj/20240626/bunyod-sarband-nbo-sebzor-masraf-1063353851.html
То имрӯз барои бунёди сарбанди НБО "Себзор" зиёда аз 20 млн сомонӣ масраф шудааст
То имрӯз барои бунёди сарбанди НБО "Себзор" зиёда аз 20 млн сомонӣ масраф шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълон кардааст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии "Себзор" вусъат меёбанд
2024-06-26T15:59+0500
2024-06-26T15:59+0500
2024-06-26T19:13+0500
дар тоҷикистон
нбо "себзор"
бунёд
энергетика
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063363115_0:40:675:420_1920x0_80_0_0_47a512aec4c24f2a71a03c1bb2cc2148.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосии Неругоҳи барқи обии "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа дар авҷ буда, ҳоло 120 муҳандису сохтмончии ватанию хориҷӣ дар он кор мекунанд, иттилоъ додааст Вазорати энергетика ва захираҳи оби Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, корҳои бунёдии неругоҳи мазкур ба зиммаи сохтмончиёни ширкати "Тоҷикгидроэлектромонтаж" вогузор шудаааст.Манбаъ қайд кардааст, ки аз аввали фасли баҳор корҳо дар ин иншоот вусъати тоза гирифтааст.Таъкид шудааст, ки барои бунёди сарбанди неругоҳ то имрӯз зиёда аз 20 млн сомонӣ сарф шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду баст, бо истифодаи 50 техникаи пуриқтидор пеш рафта истодааст.Ёдовар мешавем, ки НБО "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад.Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр бунёд гардида, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб хоҳад буд.Ин нерӯгоҳ барқи обӣ метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ содир кунад.Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20240124/dushanbe-mushkilot-bunyod-sebzor-barrasi-1061375538.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063363115_69:0:669:450_1920x0_80_0_0_dfa72aa1579c93df5bc3e91ed0659b56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, нбо, себзор, бунёд, пул, масраф
тоҷикистон, энергетика, нбо, себзор, бунёд, пул, масраф
То имрӯз барои бунёди сарбанди НБО "Себзор" зиёда аз 20 млн сомонӣ масраф шудааст
15:59 26.06.2024 (Навсозишуда: 19:13 26.06.2024) Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълон кардааст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии "Себзор" вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосии Неругоҳи барқи обии "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа дар авҷ буда, ҳоло 120 муҳандису сохтмончии ватанию хориҷӣ дар он кор мекунанд, иттилоъ додааст Вазорати энергетика ва захираҳи оби Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, корҳои бунёдии неругоҳи мазкур ба зиммаи сохтмончиёни ширкати "Тоҷикгидроэлектромонтаж" вогузор шудаааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз аввали фасли баҳор корҳо дар ин иншоот вусъати тоза гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки барои бунёди сарбанди неругоҳ то имрӯз зиёда аз 20 млн сомонӣ сарф шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду баст, бо истифодаи 50 техникаи пуриқтидор пеш рафта истодааст.
Ёдовар мешавем, ки НБО "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр бунёд гардида, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб хоҳад буд.
Ин нерӯгоҳ барқи обӣ метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ содир кунад.
Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.