https://sputnik.tj/20240124/dushanbe-mushkilot-bunyod-sebzor-barrasi-1061375538.html
Дар Душанбе мушкилоту ва сари вақт бунёд намудани НБО “Себзор” баррасӣ шуд
Дар Душанбе мушкилоту ва сари вақт бунёд намудани НБО “Себзор” баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои об ширкати "Помир Энерҷӣ" даъват намуд, ки бунёди НБО "Себзор"-ро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд
2024-01-24T12:23+0500
2024-01-24T12:23+0500
2024-01-24T14:32+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
ширкати "помир энержӣ"
нбо "себзор"
нбо
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/18/1061375371_34:0:585:310_1920x0_80_0_0_94fcc571f68ff87b08952f8f03f61ad5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ахиран дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон вохӯрии шарикони рушд, ки дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" иштирок доранд, баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар додааст.Дар вохӯрӣ сохтмони НБО-и "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад, баррасӣ шуд. Ба хусус дар ин ҷаласа дар бораи мушкилоти мавҷуда дар кор ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар муҳлати пешбинишуда, дар доираи буҷет ва мувофиқ ба стандартҳои муосир ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳ табодули назар карда шуд.Дар ин ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа таъкид кард, ки НБО "Себзор" яке аз лоиҳаҳои асосие ба шумор меравад, ки таҳти назорати Президент ва Ҳукумат қарор дорад ва барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.Ҳамчунин вазири энергетика аз ширкати "Помир Энерҷӣ" даъват намуд, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа –ширкати "Фихтнер" ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании "Тоҷикгидроэлектромонтаж" дар доираи мӯҳлати пешниҳодгардида аз фурсат самаранок истифода бурда, бо назардошти мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд.Дар маҷмуъ, дар ин ҷаласа масъалаи ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмони НБО "Себзор", ки аҳамияти минтақавӣ дошта, дар содироти нерӯи барқи изофавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ нақши назаррас мегузорад, махсус таъкид гардид.
https://sputnik.tj/20230816/safari-rahmon-nerugohi-barqi-obii-sebzor-vazifahoi-nav-masulin-1058857575.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/18/1061375371_103:0:516:310_1920x0_80_0_0_53bf0d1762afd3096a024f8221d1dab9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, нбо себзор, бунёд, ширкати "помир энерҷӣ", афзоиш, қувваи корӣ, таҷҳизот, вазири энергетика
тоҷикистон, душанбе, нбо себзор, бунёд, ширкати "помир энерҷӣ", афзоиш, қувваи корӣ, таҷҳизот, вазири энергетика
Дар Душанбе мушкилоту ва сари вақт бунёд намудани НБО “Себзор” баррасӣ шуд
12:23 24.01.2024 (Навсозишуда: 14:32 24.01.2024) Вазири энергетика ва захираҳои об ширкати "Помир Энерҷӣ"- ро даъват намуд, ки бунёди НБО "Себзор"-ро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ахиран дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон вохӯрии шарикони рушд, ки дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" иштирок доранд, баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар додааст.
Дар вохӯрӣ сохтмони НБО-и "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад, баррасӣ шуд.
Ба хусус дар ин ҷаласа дар бораи мушкилоти мавҷуда дар кор ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар муҳлати пешбинишуда, дар доираи буҷет ва мувофиқ ба стандартҳои муосир ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳ табодули назар карда шуд.
Дар ин ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа таъкид кард, ки НБО "Себзор" яке аз лоиҳаҳои асосие ба шумор меравад, ки таҳти назорати Президент ва Ҳукумат қарор дорад ва барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳамчунин вазири энергетика аз ширкати "Помир Энерҷӣ" даъват намуд, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа –ширкати "Фихтнер" ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании "Тоҷикгидроэлектромонтаж" дар доираи мӯҳлати пешниҳодгардида аз фурсат самаранок истифода бурда, бо назардошти мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд.
Дар маҷмуъ, дар ин ҷаласа масъалаи ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмони НБО "Себзор", ки аҳамияти минтақавӣ дошта, дар содироти нерӯи барқи изофавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ нақши назаррас мегузорад, махсус таъкид гардид.