ДУШАНБЕ, 4 январ - Sputnik. Додраси Додгоҳи марказии ҷиноятии Лондон Ванесса Барайтсер аз истирдоди асосгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ ба мақомоти Амрико худдорӣ кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Додгоҳ гуфт, ки ин дархост бинобар тарси солимии рӯҳии айбдоршаванда рад карда шудааст.
Додрас воқеиятро эътироф кард, ки Ассанҷ гирифтори аутизм ва депрессияи клиникӣ аст ва инчунин ба худкушӣ моил аст.
Интизор меравад, ки амрикоиҳо ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат кунанд. Қаблан адвокатҳои ҷониби Амрико гуфта буданд, ки агар судя аз истирдоди асосгузори Wikileaks саркашӣ кунад, ин қарор баҳс хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар толори додгоҳ ӯро ҳамсараш Стелла Моррис ва инчунин сармуҳаррири WikiLeaks Кристин Храфнссон дастгирӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Ассанҷ, ки дар Шветсия сар аз соли 2010 ба озори ҷинсӣ ва таҷовуз айбдор мешавад, аз моҳи июни соли 2012 бо тарси истирдод дар сафорати Эквадор дар Лондон пинҳон шудааст.
Муҳокимаи истирдод рӯзи 2 майи соли 2019 оғоз ёфт. Дар сурати истирдод ба ИМА, Ассанҷро ба 175 соли зиндон таҳдид мекунад.
Чанде пас аз он, мақомоти Иёлоти Муттаҳида алайҳи Ассанҷ 17 парвандаи вайрон кардани қонунҳои ҷосусӣ ва ифшои иттилооти махфӣ айбҳои нав эълон карданд.