Ҳарорати аз меъёр баланд: Ҳушдори обуҳавосанҷони тоҷик аз гармои тоқатфарсо

© Sputnik Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2024
Обуна шудан
Мутахассис, якбора бо чунин дараҷа гарм шудани ҳарорати ҳаво дар аввали фасли тобистонро аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷми намнокӣ дар ҳавои атмосфера медонад.
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Меъёри гармии оғози фасли тобистони соли равон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ 2-4 дараҷа баланд шудааст.
Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд, Абдувалӣ Ҳомидов, зимни шарҳи обу ҳаво ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, гармие, ки ин шабу рӯз ба вуҷуд омадааст, танҳо дар моҳи июл ва нимаҳои моҳи август пешбинӣ карда мешуд.
Бар пояи таҳқиқи онҳо, гармии ҳарорат дар шароити водиҳо рӯзҳои 25 ва 26-уми июн ба 34-40° баробар хоҳад шуд.
“Дар шароити доманакӯҳҳо рӯзона 30-35° ва шабона 16-21° ва дар водиҳо рӯзона 34-40° гарм пешгӯӣ карда мешавад” – гуфт Ҳомидов.
Ин масъули Маркази обуҳавосанҷӣ, чунин нишондоди гармӣ дар оғози фасли тобистонро аз меъёри муқаррарӣ аз 2 то 4 дараҷа баланд меҳисобад.
Меъёрест, ки ба таҳқиқи онҳо ҳамасола дар қиёми фасли тобистон пешбинӣ карда мешавад.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2024
КҲФ Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои рафтор дар об хотиррасон мекунад
Мутахассис, якбора бо чунин дараҷа гарм шудани ҳарорати ҳаво дар аввали фасли тобистонро аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷми намнокӣ дар ҳавои атмосфера медонад.
“Аз ҳисоби кам шудани боду борон, дараҷаи намнокӣ кам мешавад дар чунин ҳолат қудрати нигоҳ доштани гармӣ ҳам кам гардида дар натиҷа гармои шадид ба вуҷуд меояд” – шарҳ дод, коршиноси Маркази обуҳавосанҷӣ.
Ҳомидов, ин вазъро такрори ҳодисаи табиат медонад, ки ҳар сари 10–20 сол чунин ҳолат такрор мешавад. Дар гузашта ҳам чунин гармшавии глобалиро сокинони сайёра аз ҷумла Тоҷикистон паси сар кардаанд.
Масъулони Идораи обуҳавосанҷӣ аз сокинон даъват мекунанд, ки дар сурати беш аз 40 дараҷа баланд шудани ҳарорат аз эҳтиёт кор гиранд ва худро аз нурҳои офтоб панаҳ доранд. Зеро гармои шадид метавонад, сабаби хуруҷи бемориҳо аз ҷумла диққи нафас ва фишорбаландӣ гардад.
Лентаи хабарҳо
0