https://sputnik.tj/20240624/standarthoi-iiao-zaboni-fahmo-muoshirat-1063322426.html
Стандартҳои ИИАО: забони фаҳмо барои муошират байни давлатҳо - Вазири КИАО
Стандартҳои ИИАО: забони фаҳмо барои муошират байни давлатҳо - Вазири КИАО
Sputnik Тоҷикистон
Тақвият додани савдои мутақобилаи ИИАО ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим бо кишварҳои СҲШ ва БРИКС мутобиқшавии стандартҳоро тақозо мекунад
2024-06-24T18:10+0500
2024-06-24T18:10+0500
2024-06-24T18:10+0500
ииао
дар ҷаҳон
русия
дар русия
стандарт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/15/1062915207_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_d329427676d751c320f96a2f01ee5f9c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳамгироии саноатӣ ва муҳити бехатар ва бидуни монеа дар тиҷорат - ҳадафу дастовардҳо дар стандартҳои байнидавлатӣ дар ИИАО мебошад, мегӯяд вазири танзими техникии КИАО Валентин Татаритский."Тавассути стандартҳо, бахусус стандартҳои байналмилалӣ, мо метавонем бо дигар иттиҳодияҳо ҳамгироӣ ва гуфтугӯ кунем ва ин забони муошират барои ҳама фаҳмо аст", - қайд кард Валентин Татаритский."Стандартҳои байнидавлатӣ (ГОСТ) муҳимтарин василаи фароҳам овардани муҳити бехатар, ҳалли маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои саноатӣ ва рушди иқтидори содиротӣ, инчунин аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар тиҷорат дар ҳудуди АвруОсиё мебошанд", - гуфт ӯ.Валентин Татаритский дар бораи рушди низоми танзими техникии ИИАО, корҳо дар бораи гузариш ба сиёсати ҳамоҳангшуда дар соҳаи стандартизатсия ва дурнамои рушди он то соли 2030 сухан гуфт."Ман итминон дорам, ки аҳамияти ҷиддӣ ба стандартизатсияи байнидавлатӣ бояд ҳам аз сӯи кишварҳои узви ИИАО ва ҳам аз сӯи кишварҳои узви ИДМ дода шавад", - қайд кард вазири ЕЭК.Ба гуфтаи вай, стандартизатсия “ҳамчун раванди муқаррар кардани талаботи техникӣ нисбат ба маҳсулот, корҳо ва хизматрасониҳо барои истифодаи минбаъдаи онҳо ба таври ғайримустақим дар қонунгузории Иттифоқ ворид карда шудааст”.Валентин Татаритский аҳамияти дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани талаботи стандартҳо, бахусус байнидавлатиро таъкид кард.Ӯ инчунин изҳори итминон кард, ки фаъол гардонидани савдои мутақобила бо кишварҳои СҲШ ва БРИКС, ба ҳам овардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими техникӣ, аз ҷумла стандартизатсияро тақозо мекунад.
https://sputnik.tj/20240623/istehsol-mahsulot-kishovarzi-kishvarho-iiao-mlrd-dollar-rasid-1063310702.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/15/1062915207_110:0:1247:853_1920x0_80_0_0_7845fe84b944a3ca0d9d6e8d5a105127.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, стандарт, иқтисод, саноат, тавлид, сҳш, брикс
ииао, русия, стандарт, иқтисод, саноат, тавлид, сҳш, брикс
Стандартҳои ИИАО: забони фаҳмо барои муошират байни давлатҳо - Вазири КИАО
Тақвият додани савдои мутақобилаи ИИАО ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим бо кишварҳои СҲШ ва БРИКС мутобиқшавии стандартҳоро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳамгироии саноатӣ ва муҳити бехатар ва бидуни монеа дар тиҷорат - ҳадафу дастовардҳо дар стандартҳои байнидавлатӣ дар ИИАО мебошад, мегӯяд вазири танзими техникии КИАО Валентин Татаритский.
"Тавассути стандартҳо, бахусус стандартҳои байналмилалӣ, мо метавонем бо дигар иттиҳодияҳо ҳамгироӣ ва гуфтугӯ кунем ва ин забони муошират барои ҳама фаҳмо аст", - қайд кард Валентин Татаритский.
"Стандартҳои байнидавлатӣ (ГОСТ) муҳимтарин василаи фароҳам овардани муҳити бехатар, ҳалли маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои саноатӣ ва рушди иқтидори содиротӣ, инчунин аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар тиҷорат дар ҳудуди АвруОсиё мебошанд", - гуфт ӯ.
Валентин Татаритский дар бораи рушди низоми танзими техникии ИИАО, корҳо дар бораи гузариш ба сиёсати ҳамоҳангшуда дар соҳаи стандартизатсия ва дурнамои рушди он то соли 2030 сухан гуфт.
"Ман итминон дорам, ки аҳамияти ҷиддӣ ба стандартизатсияи байнидавлатӣ бояд ҳам аз сӯи кишварҳои узви ИИАО ва ҳам аз сӯи кишварҳои узви ИДМ дода шавад", - қайд кард вазири ЕЭК.
Ба гуфтаи вай, стандартизатсия “ҳамчун раванди муқаррар кардани талаботи техникӣ нисбат ба маҳсулот, корҳо ва хизматрасониҳо барои истифодаи минбаъдаи онҳо ба таври ғайримустақим дар қонунгузории Иттифоқ ворид карда шудааст”.
Валентин Татаритский аҳамияти дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани талаботи стандартҳо, бахусус байнидавлатиро таъкид кард.
Ӯ инчунин изҳори итминон кард, ки фаъол гардонидани савдои мутақобила бо кишварҳои СҲШ ва БРИКС, ба ҳам овардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими техникӣ, аз ҷумла стандартизатсияро тақозо мекунад.