Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО ба 136 млрд доллар расид

© Unsplash / Nithin P JohnОвощи на рынке
Овощи на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2024
Обуна шудан
Дар давоми 10 сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО 30% афзуда, худтаъминкунии кишварҳои иттиҳод бо ғизо ба 93% баробар гардид
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Аврупо 136 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар додааст.
Ҳамин тариқ, давоми 10 сол истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар мамлакатҳои иттиҳод қариб 30% афзуд: истеҳсоли шир бештар аз 51 млн тонна, ҷамъоварии умумии ғалла ва зироатҳои лубиёгӣ қариб 172 млн тоннаро ташкил медихад.
Чунин сатҳи баланди худтаъминкунӣ, гарави амнияти озуқавории кишварҳои иштирокчӣ арзёбӣ шудааст.
Дар умум нишондиҳандаи худтаъминкунии кишварҳои ИИАО ба 93% расида, амнияти озуқавории онҳоро боэътимод ҳифз мекунад.
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Эрон тавофуқномаи тиҷорати озодро бо ИИАО тасвиб кард
Дар баробари ин Қазоқистон як таъминкунандаи муҳимми ғалла (таъминот 148%) ва орд мебошад. Мамлакат бо гӯшти гов (99%), гӯсфанд (104%) худашро пурра таъмин мекунад, аз ҷиҳати истеҳсоли шир ва картошка бошад, баъд аз Белоруссия ҷои дуюмро ишғол мекунад.
Қирғизистон аз ҳисоби истеҳсоли худаш тамоми эҳтиёҷотро ба маҳсулоти ширӣ (110,5%), сабзавоту картошка (96%, 94%) таъмин мекунад. Ҷумҳурӣ бо чунин намудхои озуқаворӣ, монанди ғалла (88,1%), гӯшт (80%), меваю буттамева (74%) таъмин аст.
Русия ба худтаъминкунӣ бо равғани растанӣ (220%) ва ғалла (144,6%) ноил гардид. Иқтидори истеҳсолии кишвар аз талаботи бозори дохилӣ ба шакар (103,1%), гӯшти мурғ (103,8%) ва гӯшти хук (107,2%) зиёд аст.
Федератсияи Русия инчунин таъминкунандаи асосии гандум ба бозори умумии ИИАО ва кишварҳои сеюм мебошад. Вай чоряки истеҳсоли ғалларо ба хориҷа мефиристад.
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Кишварҳои ИИАО барои эҷоди бозорҳои муштараки барқу газу нафт талош доранд
Беларус аз ҷиҳати истеҳсоли шир, гӯшт ва қанд дар ИИАО пешеаф аст. Имкониятҳо аз истеъмоли дохилӣ (шакар 1,6, гӯшт 1,4, шир 2,8%) зиёданд. Ин кишвар ба шарикони худ дар ИИАО зиёда аз нисфи (54%) маҳсулоти ширӣ ва чоряки (26%) маҳсулоти гӯштиро медиҳад.
Арманистон аз лиҳози истеҳсоли меваю буттамева пешеаф аст. Онҳо ба тамоми бозори ИИАО содир карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, кишварҳои ИИАО дар содироти моҳии яхкардашуда, гандум ва тухмии зағир дар ҷаҳон ҷои 1-ум, орди гандумӣ, офтобпараст ва равғани рапс ҷои 2-юмро ишғол мекунанд. Ва зинаи сеюм аз лиҳози фурӯши ҷав ва рапс.
Қаблан муовини вазири кишоварзии Русия Елена Фастова гуфта буд, ки то соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО 17% ва то соли 2030 беш аз 30% афзоиш хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0