https://sputnik.tj/20240624/rustam-emomali-hamlaho-terroristi-doghiston-vahshiyona-1063323049.html
Рустам Эмомалӣ ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистонро ваҳшиёна номид
Рустам Эмомалӣ ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистонро ваҳшиёна номид
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси Шӯрои федератсияи Русия барқияи изҳори тассалӣ равон кард
2024-06-24T15:39+0500
2024-06-24T15:39+0500
2024-06-24T16:40+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамдардӣ
раиси шаҳр
ҳамалоти террористӣ
доғистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_132:157:1268:796_1920x0_80_0_0_39ca60fcb20671b767d36110533a4b53.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияҳои изҳори тассалӣ ба раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентиа Матвиенко ва раиси Дума-и давлатии ин кишвар Вячеслав Володин ирсол намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.Рустами Эмомалӣ дар барқияи худ навиштааст, ки хабари марги даҳҳо нафар бар асари як ҳамлаи террористӣ дар Ҷумҳурии Доғистон ӯро сахт андӯҳгин кардааст.“Аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Шумо, инчунин, ба ҳамаи наздикону пайвандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони осоиштае, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбанд ба ҳалокат расиданд, тасаллияти амиқ баён мекунам”, - қайд кардааст Рустам Эмомалӣ.Раиси шаҳри Душанбе ба ҷароҳатбардоштагону осебдидагон шифои оҷилро таманно намудааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои рус Владимир Путин барқияи изҳори тассалӣ равон кард, ки дар он ҳамлаи террористӣ дар Доғистонро қатъиян маҳкум кард.Шаби 23 июн дар шаҳрҳои Дарбанд ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони ҳамлаи маргбори террористӣ сурат гирифт.Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия афроди ношинос ба як каниса ва калисои Дербент ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ҳамла карданд.Тибқи иттилои мақомот, дар пайи ин ҳамалот дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 афсари пулис кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20240624/izhori-hamdardii-rahmon-putin-1063318675.html
русия
доғистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_181:62:1235:853_1920x0_80_0_0_6e357cddb01d999c4771a0f0b856a9d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамдардӣ, рустам эмомалӣ, матвиенко, раиси шаҳри душанбе
тоҷикистон, русия, ҳамдардӣ, рустам эмомалӣ, матвиенко, раиси шаҳри душанбе
Рустам Эмомалӣ ҳамлаҳои террористӣ дар Доғистонро ваҳшиёна номид
15:39 24.06.2024 (Навсозишуда: 16:40 24.06.2024) Раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси Шӯрои федератсияи Русия барқияи изҳори тассалӣ равон кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияҳои изҳори тассалӣ ба раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентиа Матвиенко ва раиси Дума-и давлатии ин кишвар Вячеслав Володин ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Рустами Эмомалӣ дар барқияи худ навиштааст, ки хабари марги даҳҳо нафар бар асари як ҳамлаи террористӣ дар Ҷумҳурии Доғистон ӯро сахт андӯҳгин кардааст.
“Аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Шумо, инчунин, ба ҳамаи наздикону пайвандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони осоиштае, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбанд ба ҳалокат расиданд, тасаллияти амиқ баён мекунам”, - қайд кардааст Рустам Эмомалӣ.
Раиси шаҳри Душанбе ба ҷароҳатбардоштагону осебдидагон шифои оҷилро таманно намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои рус Владимир Путин барқияи изҳори тассалӣ равон кард, ки дар он ҳамлаи террористӣ дар Доғистонро қатъиян маҳкум кард.
Шаби 23 июн дар шаҳрҳои Дарбанд ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони ҳамлаи маргбори террористӣ сурат гирифт.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия афроди ношинос ба як каниса ва калисои Дербент ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ҳамла карданд.
Тибқи иттилои мақомот, дар пайи ин ҳамалот дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 афсари пулис кушта шуданд.