Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба Путин

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Рахмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Рахмон, президенти Тоҷикистон   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2024
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бинобар кушта шудани даҳҳо нафар дар як ҳамлаи террористӣ дар Доғистон ба раисҷумҳури Русия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба Президенти Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар барқияи худ раҳбари Тоҷикистон ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум кард.
“Мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури ҳамчунин қайд кардааст, ки Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад.
“Ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои русаш, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи таслияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор доштааст.
“Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”, - илова кардааст Раҳмон дар барқияи худ.
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2024
Ҳиҷобу идгардак дар Тоҷикистон расман манъ шуд: Раҳмон чанд қонунро имзо кард
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 июн дар шаҳрҳои Дербент ва Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони ҳамлаи маргбори террористӣ сурат гирифт.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия афроди ношинос ба як каниса ва калисои Дербент ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ҳамла карданд.
Тибқи иттилои мақомот, дар пайи ин ҳамалот дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 афсари пулис кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0