КҲФ Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои рафтор дар об хотиррасон мекунад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкОбъявление "купаться запрещено", архивное фото
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2024
Обуна шудан
Кормандони ин ниҳод хотиррасон мекунанд: пеш аз ҳама бехатарии шаҳрвандон масъулияти худи онҳост, ки то чӣ андоза аз эҳтиёт кор мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон мавсими шиноварӣ оғоз шуд. Ба ин муносибат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ қоидаҳои рафторро дар об ва назди обанборҳо хотиррасон мекунад.
Наҷотдиҳандагон аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунанд, ки ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор бошанд, дар назди дарёҳо, каналҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кунанд.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки вайрон кардани талаботи КҲФ метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Эълони омори ғарқшудаҳо дар обҳои Тоҷикистон: зиёд шудааст
Ин кумита гуфт, ки бидуни назорати калонсолон дар наздикии об мондани кӯдакон махсусан хатарнок аст.
Барои пешгирии садамаҳо дар мавзеъҳои об КҲФ хотиррасон мекунад:
танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда, дар соҳилҳои муҷаҳҳаз шино кунед, ки дар он ҷо дар ҳолати садама наҷотдиҳандагон ба шумо зуд кӯмак карда метавонанд;
дур аз соҳил ва дигар монеаҳое, ки дар ҷойҳои шиноварй гузошта шудаанд, шино накунед;
гуштингирӣ ва дигар бозиҳоро дар об ташкил накунед;
дар ҷойҳои ношинос, аз баландиҳо ва дигар иншоотхое, ки ба ин мақсадҳо мувофиқ нашудаанд, ба об чаҳидан хавфнок аст;
шиноварии дуру дароз, дар об мондани дуру дароз - ин маънои гипотермия, хастагии мушакҳо, рагкашӣ ва маргро дорад.
Наҷотдиҳандагон хотиррасон мекунанд: пеш аз ҳама бехатарии шаҳрвандон масъулияти худи онҳост.
Лентаи хабарҳо
0