https://sputnik.tj/20240623/tramp-vada-munoqisha-ukraina-hal-kard-1063311300.html
Трамп ваъда дод, ки муноқишаи Украинаро қабл аз савгандёдкунӣ ҳал хоҳад кард
Трамп ваъда дод, ки муноқишаи Украинаро қабл аз савгандёдкунӣ ҳал хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар сӯҳбат бо тарафдоронаш ин бори аввал нест, ки раисиҷумҳури пешини ИМА ваъда медиҳад, ки дар сурати пирӯзӣ ихтилофи Русия ва Украинаро ҳал хоҳад кард
2024-06-23T13:15+0500
2024-06-23T13:15+0500
2024-06-24T11:57+0500
доналд трамп
муноқиша
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/18/1063317975_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_4d7254c5889a205524be53c2bc431bea.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп гуфт, ки агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, ба низоъ дар Украина ҳатто пеш аз оғози расман ба мақоми раиси маъмурият расидан хотима хоҳад дод.Вай дар ин бора дар як гирдиҳамоӣ дар Филаделфия (Пенсилвания) изҳор дошт. Суханронии ӯро портали Times Now дар YouTube пахш кардааст, хабар медиҳад РИА "Новости". "Ман муноқишаи даҳшатбор байни Русия ва Украинаро пеш аз шуруи маъмурият, чанде пас аз пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ҳал мекунам",- гуфт Трамп. Илова бар ин, сиёсатмадор ваъда дод, ки метавонад ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад. Қаблан раиси пешини Кохи Сафед борҳо гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, метавонад дар тӯли ҳамагӣ 24 соат ихтилофи миёни Русия ва Украинаро ҳал кунад.Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар шарҳи ин суханон қайд кард, ки мушкил барои чунин ҳалли одӣ хеле печида аст. Худи Владимир Путин соли гузашта омодагии Трампро барои ҳалли мушкилоти доғ, аз ҷумла бӯҳрони Украина дар чанд рӯз мусбат арзёбӣ карда буд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Федератсияи Русия, "ин моро хурсанд накарда наметавонад, ин хуб аст". Ҳамзамон вай изҳори шубҳа кард, ки ҳар гуна натиҷаи интихоботи Амрико ба равобити Амрикову Русия таъсир хоҳад гузошт. Интихоботи президентии ИМА 5 ноябр баргузор мешавад. Рақиби аслии Трамп раҳбари кунунии давлат Ҷо Байден хоҳад буд. Қарор аст, маросими савгандёдкунии президент 20 январи соли 2025 баргузор шавад.
https://sputnik.tj/20240121/tramp-ima-partovgoh-nomid-1061342782.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/18/1063317975_206:0:2777:1928_1920x0_80_0_0_5d52daaba86fea33e8660ea187514959.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп ваъда муноқиша украина савгандёдкунӣ ҳал
трамп ваъда муноқиша украина савгандёдкунӣ ҳал
Трамп ваъда дод, ки муноқишаи Украинаро қабл аз савгандёдкунӣ ҳал хоҳад кард
13:15 23.06.2024 (Навсозишуда: 11:57 24.06.2024) Дар сӯҳбат бо тарафдоронаш ин бори аввал нест, ки раисиҷумҳури пешини ИМА ваъда медиҳад, ки дар сурати пирӯзӣ ихтилофи Русия ва Украинаро ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп гуфт, ки агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, ба низоъ дар Украина ҳатто пеш аз оғози расман ба мақоми раиси маъмурият расидан хотима хоҳад дод.
Вай дар ин бора дар як гирдиҳамоӣ дар Филаделфия (Пенсилвания) изҳор дошт.
Суханронии ӯро портали Times Now дар YouTube пахш кардааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ман муноқишаи даҳшатбор байни Русия ва Украинаро пеш аз шуруи маъмурият, чанде пас аз пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ҳал мекунам",- гуфт Трамп.
Илова бар ин, сиёсатмадор ваъда дод, ки метавонад ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад.
Қаблан раиси пешини Кохи Сафед борҳо гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, метавонад дар тӯли ҳамагӣ 24 соат ихтилофи миёни Русия ва Украинаро ҳал кунад.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар шарҳи ин суханон қайд кард, ки мушкил барои чунин ҳалли одӣ хеле печида аст.
Худи Владимир Путин соли гузашта омодагии Трампро барои ҳалли мушкилоти доғ, аз ҷумла бӯҳрони Украина дар чанд рӯз мусбат арзёбӣ карда буд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Федератсияи Русия, "ин моро хурсанд накарда наметавонад, ин хуб аст".
Ҳамзамон вай изҳори шубҳа кард, ки ҳар гуна натиҷаи интихоботи Амрико ба равобити Амрикову Русия таъсир хоҳад гузошт.
Интихоботи президентии ИМА 5 ноябр баргузор мешавад. Рақиби аслии Трамп раҳбари кунунии давлат Ҷо Байден хоҳад буд. Қарор аст, маросими савгандёдкунии президент 20 январи соли 2025 баргузор шавад.