Кишварҳои ИИАО барои эҷоди бозорҳои муштараки барқу газу нафт талош доранд

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Обуна шудан
Кишварҳои ИИАО сарфи назар аз манбаъҳои анъанавии энергетикӣ, корҳо оид ба густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро бояд идома диҳанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазифаи аввалиндараҷаи кишварҳои ИИАО ташкили бозорҳои умумии нерӯи барқ, газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мебошад.
Дар ин бора Арзибек Кожошев, вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дод.
Вай қайд кард, ки энергетика яке аз самтҳои стратегии рушди ҳамгироии Авруосиё мебошад, ки динамика ва суръати рушди иқтисоди ИИАО-ро муайян мекунад.
Дар ин замина, ӯ аҳамияти мушкилоти энержӣ дар назди Иттиҳодия ва омодагии кишварҳои узв барои аз байн бурдани онҳо бо талошҳои муштаракро таъкид кард.
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Эрон тавофуқномаи тиҷорати озодро бо ИИАО тасвиб кард
Вазири КИАО дар бораи кори комиссия оид ба ташкили бозорҳои умумии захираҳои энергетикӣ дар созмон сухан ронда, ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки ин субот ва худкифоии системаҳои энергетикии давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъмин хоҳад кард.
"Вазифаи афзалиятноки "Панҷгонаи Авруосиё" таъсиси бозорҳои умумии нерӯи барқ, газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мебошад. Барои ташаккули онҳо кори системавӣ сурат мегирад”, - навиштааст Sputnik аз суханони ӯ.
Дар баробари ин, ба гуфтаи мавсуф, кишварҳо бояд мувозинати байни манобеъи анъанавӣ ва муосири энержиро ҷустуҷӯ кунанд.
"Сарфи назар аз он, ки кишварҳои ИИАО эҳтиёҷоти худро ба захираҳои энергетикӣ асосан аз ҳисоби манбаъҳои анъанавии энергетикӣ қонеъ мекунанд, корҳо оид ба густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бояд идома ёбад", - таъкид кард Арзибек Кожошев.
Лентаи хабарҳо
0