https://sputnik.tj/20240319/jazo-sangin-hushdor-zoirin-tojik-ghayrirasmi-haj-1062112795.html
Ҷазо сангин шуд: Ҳушдор ба зоирини тоҷик, ки ғайрирасмӣ ба Ҳаҷ мераванд
Ҷазо сангин шуд: Ҳушдор ба зоирини тоҷик, ки ғайрирасмӣ ба Ҳаҷ мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин аз шаҳрвандоне, ки қасди зиёрати Хонаи Худоро доранд, хостааст, ки ба ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳида бовар накунанд, зеро онҳо салоҳият надоранд
2024-03-19T16:08+0500
2024-03-19T16:08+0500
2024-03-19T16:57+0500
дар тоҷикистон
кумитаи дин
квотаҳои зиёрати ҳаҷ
арзиши ҳаҷ
ҳаҷ
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102961/97/1029619776_0:0:2937:1653_1920x0_80_0_0_8a72c63e6a4e653d85f7c1830cc059b0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Арабистони Саудӣ ҷазо барои вуруди ғайрирасмӣ дар маросими Ҳаҷ-2024-ро сангинтар кардаст. Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо як огоҳӣ ба афроде, ки қасди ғайрирасмӣ рафтанро доранд, ҳушдор доштааст.Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллар), ҳабс ба муддати шаш моҳ пешбинӣ мешавад.Инчунин чунин афродро ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.Кумита мегӯяд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ мешавад.Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки фирефтаи таблиғи ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳида аз кишварҳои дигар барои ба ҳаҷҷи фарзӣ рафтан нашаванд, зеро он тақаллуб ва фиреб аст.Имсол бар асоси қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 7 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи сафар ба зиёрати Хонаи Худоро дорад.Арзиши "Ҳаҷ-2024" барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20240319/arzon-elon-arzish-haj-2024-zoirin-tojik-1062112392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102961/97/1029619776_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_e401a603e45932d31922a5b76986cfbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазо ҳушдор зоир тоҷик ғайрирасмӣ ҳаҷ
ҷазо ҳушдор зоир тоҷик ғайрирасмӣ ҳаҷ
Ҷазо сангин шуд: Ҳушдор ба зоирини тоҷик, ки ғайрирасмӣ ба Ҳаҷ мераванд
16:08 19.03.2024 (Навсозишуда: 16:57 19.03.2024) Кумитаи дин аз шаҳрвандоне, ки қасди зиёрати Хонаи Худоро доранд, хостааст, ки ба ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳида бовар накунанд, зеро онҳо салоҳият надоранд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Арабистони Саудӣ ҷазо барои вуруди ғайрирасмӣ дар маросими Ҳаҷ-2024-ро сангинтар кардаст.
Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо як огоҳӣ ба афроде, ки қасди ғайрирасмӣ рафтанро доранд, ҳушдор доштааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллар), ҳабс ба муддати шаш моҳ пешбинӣ мешавад.
Инчунин чунин афродро ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Кумита мегӯяд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ мешавад.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки фирефтаи таблиғи ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳида аз кишварҳои дигар барои ба ҳаҷҷи фарзӣ рафтан нашаванд, зеро он тақаллуб ва фиреб аст.
"Ҳамватанони мо бояд донанд, ки ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад", - афзудааст манбаъ.
Имсол бар асоси қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 7 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи сафар ба зиёрати Хонаи Худоро дорад.
Арзиши "Ҳаҷ-2024" барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.