https://sputnik.tj/20240603/rustami-emomali-spad-khost-kor-terrorizmro-faol-1063079217.html
Рустами Эмомалӣ аз СПАД хост, корҳо алайҳи терроризмро фаъол созад
Рустами Эмомалӣ аз СПАД хост, корҳо алайҳи терроризмро фаъол созад
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандонро аз ҳамлаҳои харобиовар ва ҷиноӣ вазифаи муҳим хонда, хостори муборизаи шадид бо терроризм шуд
2024-06-03T17:51+0500
2024-06-03T17:51+0500
2024-06-03T17:51+0500
рустам эмомалӣ
дар тоҷикистон
спад
терроризм
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/03/1063076531_6:0:1167:653_1920x0_80_0_0_99a88ca5a6e4755632d50010f50322e6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хоса медиҳад. Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ПА СПАД раҳбари палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар барои такмили қонунгузории миллӣ муҳимтарин ва зарур санадҳои меъёрӣ қабул ва истифода мешавад.Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ҳифзи манофеи давлату шаҳрвандонро аз ҳамлаҳои тахрибкорона ва ҷиноӣ як вазифаи муҳим хонда, аз ниҳодҳои интизомии кишварҳои узви СПАД хостааст, дар ин самт корҳоро пурзӯр кунанд. Қаблан дар Алмаато мулоқоти ғайринавбатии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд. Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Маскав ва Душанбе, инчунин самтҳои афзалиятноки муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД арзёби шуданд. Ёдовар мешавем, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад. Ба рӯзномаи ҷаласа мутобиқсозии қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳо шомиланд, таъкид кард хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе.
https://sputnik.tj/20240603/almaato-raisoni-porlumonhoi-tojikistonu-rusiya--1063070835.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/03/1063076531_101:0:986:664_1920x0_80_0_0_3cc9abd7febf3a3481f3ce59f1bae97b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ спад корҳо терроризм фаъол
рустами эмомалӣ спад корҳо терроризм фаъол
Рустами Эмомалӣ аз СПАД хост, корҳо алайҳи терроризмро фаъол созад
Рустами Эмомалӣ ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандонро аз ҳамлаҳои харобиовар ва ҷиноӣ вазифаи муҳим хонда, хостори муборизаи шадид бо терроризм шуд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ПА СПАД раҳбари палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ изҳор дошт.
"Мо дар татбиқи амалии барномаҳои фаъолияти Ассамблеяи порлумонии СПАД ҷиҳати наздик кардан ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви ин созмон фаъолона кор карда истодаем", - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар барои такмили қонунгузории миллӣ муҳимтарин ва зарур санадҳои меъёрӣ қабул ва истифода мешавад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ҳифзи манофеи давлату шаҳрвандонро аз ҳамлаҳои тахрибкорона ва ҷиноӣ як вазифаи муҳим хонда, аз ниҳодҳои интизомии кишварҳои узви СПАД хостааст, дар ин самт корҳоро пурзӯр кунанд.
Қаблан дар Алмаато мулоқоти ғайринавбатии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд.
Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Маскав ва Душанбе, инчунин самтҳои афзалиятноки муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД арзёби шуданд.
Ёдовар мешавем, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад.
Ба рӯзномаи ҷаласа мутобиқсозии қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳо шомиланд, таъкид кард хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе.