Дар Теҳрон ройзаниҳои амниятии Эрон - Русия баргузор шуд

© AFP 2023 / Atta KenareВид на город Тегеран, Иран
Вид на город Тегеран, Иран   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Обуна шудан
Мақомоти ду кишвар ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи мубориза бо терроризм, ҷароими созмонёфта ва маводи мухаддирро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Александр Вандиктов, муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, дар садри ҳайате олирутба барои ширкат дар дуюмин нишасти солонаи муовинони дабирони Шӯрои амнияти Эрону Русия ба Теҳрон сафар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНА”.
Ба иттилои манбаъ зимни сафари худ ҳайати баландпояи Русия бо ҷониби Эрон ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи мубориза бо терроризм, ҷароими созмонёфта, маводи мухаддир ва ҳамчунин масоили роҳбурдии минтақаӣ ва байналмилалро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин зимни сафари расмиаш ба Кореяи Шимолӣ бо ин кишвар созишномаи амниятӣ ба имзо расонд.
Председатель КНДР Ким Чен Ын делает заявление для СМИ по итогам российско-корейских переговоров в Пхеньяне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2024
Ким Чен Ин аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина пуштибонӣ кард
Рӯзи чаҳоршанбе дар Пхенян, раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, созишнома дар бораи шарикии стратегии ду кишварро ба имзо расонданд.
Ба гуфтаи Путин, ҷонибҳо дар бораи кумаки мутақобила дар сурати таҷовуз алайҳи яке аз тарафҳои ин созишнома ба мувофиқа расиданд.
Ким дар равобити Маскав ва Пхенян "сатҳи нав" эълон кард ва аз Русия дар гузаронидани амалиёти вижа дар Украина пуштибонӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0