Ким Чен Ин аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина пуштибонӣ кард

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПредседатель КНДР Ким Чен Ын делает заявление для СМИ по итогам российско-корейских переговоров в Пхеньяне
Председатель КНДР Ким Чен Ын делает заявление для СМИ по итогам российско-корейских переговоров в Пхеньяне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2024
Обуна шудан
Роҳбари Кореяи Шимолӣ зимни музокирот бо раисҷумҳури Русия аз гузаронидани амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина комилан пуштибонӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар оғози музокира бо президенти Русия Владимир Путин аз нақши Русия дар нигоҳ доштани мувозинати стратегӣ дар ҷаҳон қайд кард.
Вай ҳамчунин дар музокирот аз баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина пуштибонӣ кард.
"Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея нақши Русия дар нигоҳ доштани суботи стратегӣ ва мувозинат дар ҷаҳонро қадрдонӣ мекунад ва инчунин ба ҳукумати Русия, артиш ва мардуми ин кишвар дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо ва амалиёти вижаи низомӣ дар Украина барои ҳифзи истиқлолият, манфиатҳои амниятӣ ва тамомияти арзӣ пуштибонӣ ва ҳамбастагии комил баён мекунад", - таъкид кард Ким Чен Ун.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин мавқеъи Кореяи Шимолиро дар мавриди Украина шарҳ дод.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мавқеи Кореяи Шимолиро дар мавриди Украина, тасдиқи роҳи соҳибихтиёрии ин кишвар номид.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Республики Чад Махаматом Идрисом Деби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кохи Кремлин: Ба Русия муҳим аст дар амалиёти вижа ба ҳадафҳои худ бирасад
Путин дар пайи музокира бо Ким Чен Ин, гуфт: "Дӯстони кореягӣ дар мавзӯи танзими Украина мавқеъи холисона ва мутавозин доранд ва сабабҳои аслии бӯҳронро дарк мекунанд".
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Кореяи Шимолӣ созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни ба имзо расониданд.
Тибқи ин созишнома дар сурати таҷовуз ба Русия ё Кореяи Шимолӣ кишварҳои ба як дигар кӯмак хоҳанд кард,гуфт Владимир Путин дар пайи музокирот бо Ким Чен Ин дар Пхенян.
"Созишномаи шарикии ҳамаҷониба, ки имрӯз ба имзо расид, аз ҷумла, расонидани кумаки мутақобила дар сурати таҷовуз алайҳи яке аз кишварҳоро дарбар мегирад", - гуфт президент.
Лентаи хабарҳо
0