Чанд тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд? Омор

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкСтудентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Обуна шудан
Ректори муассисаи таълимӣ таъкид кард, ки Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон бо беш аз 60 донишгоҳи Русия ҳамкорӣ дорад.
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Беш аз 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа таҳсил мекунанд, ки беш аз 30 ҳазор нафари он ба донишгоҳҳои Русия рост меояд.
Дар ин бора ректори Академияи идоракунии давлатии ҷумҳурӣ Абдуҳалил Давлаталӣ Ғафурзода изҳор дошт.
Қайд карда мешавад, ки ӯ чунин маълумоти омориро зимни суханронӣ дар Маскав дар ассамблеяи XV ҷаҳони рус пешниҳод кардааст.
Дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои Русия низ бомуваффақият фаъолият мекунанд, афзуд ректор.
Ба гуфтаи ӯ, Академияи идоракунии давлатии назди президенти ҷумҳурӣ бо зиёда аз 60 донишгоҳи Русия ҳамкорӣ дорад.
"Дар доираи ин созишномаҳо барномаи ҳаракати академии донишҷӯёну магистрантҳо, табодули профессорону омӯзгорон амалӣ карда мешавад", - гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ, конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва тренингҳо гузаронида мешаванд, таъкид кард Ғафурзода.
Тоҷикистон омӯзиши забони русиро дар мактабҳо ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, мегӯяд роҳбари департаменти сиёсати иттилоотии агентии федералӣ Антон Черменский.
Анҷумани таълимии байналмиллалии Забони русӣ – пули дӯстии Русия ва Тоҷикистон дар Хуҷанд баргузор шуд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Анҷоми конфронси "Забони русӣ - пул миёни Тоҷикистон ва Русия" - видео
Гуфта мешавад, ки чунин маълумот дар натиҷаи як назарсанҷии Россотрудничество дар якҷоягӣ бо Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ба даст омадааст.
Ҳамин тариқ, 84%-и пурсидашудагон ҷонибдори густариши таълими забон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буданд.
Дар навбати худ, 14% пурсидашудагон бар ин боваранд, ки ҳама чиз бояд бетағйир боқӣ монад ва танҳо барои 2% ҷавоб додан душвор буд.
Лентаи хабарҳо
0