Ҳафт нуқтаи муҳими вуруд ба Тоҷикистон аз Афғонистон

Обуна шудан
Марзи Афғонистону Тоҷикистон қариб 1,4 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ ҳафт постгоҳи сарҳадӣ гардиши мол миёни кишварҳоро таъмин мекунанд
Тоҷикистон дар ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад ва дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 1374,2 км-ро ташкил мекунад, ки аз он 1184,4 км – обӣ ва 189,8 км хушкӣ мебошад.
Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳалли худро ёфтааст.
Ҳавзаи дарёи Панҷ таҳти назорат: чаро?
Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 7 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад:
Гузаргоҳи “Ишкошим” - дар ноҳияи Ишкошим, ВМКБ
Гузаргоҳи “Тем” - шаҳри Хоруғ, ВМКБ
Гузаргоҳи “Рузвай” - ноҳияи Дарвоз, ВМКБ
Гузаргоҳи “Кокул” - ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон
Гузаргоҳи “Панҷи поён” - ноҳияи Панҷ, вилояти Хатлон
Гузаргоҳи “Хумроғӣ” - ноҳияи Ванҷ, ВМКБ
Гузаргоҳи “Шоҳон” - ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, вилояти Хатлон
Хатти марз асосан қад-қади дарёи Панҷ ва шохоби чапи Амударё тул кашида, дар Ғарб аз байни кӯҳҳо мегузарад.
Раҳбари толибон* гуфт ҳозир аст барканор шавад, аммо...
Гузаргоҳи асосии Панҷи Поён ба ҳисоб меравад - қисми зиёди мошинҳои боркаш маҳз аз ҳамин гузаргоҳ мегузаранд.
Лентаи хабарҳо
0