https://sputnik.tj/20240617/rahbari-tolibon-hozir-barkanor-shavad-ammo-1063244050.html
Раҳбари толибон* гуфт ҳозир аст барканор шавад, аммо...
Раҳбари толибон* гуфт ҳозир аст барканор шавад, аммо...
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари толибон* ахиран гуфтааст, ки ихтилоф бадтарин маризӣ аст ва ӯ ҳозир аст аз мақоми феълиаш канор равад, аммо ихтилофот дар Афғонистон набошад.
2024-06-17T17:36+0500
2024-06-17T17:36+0500
2024-06-17T17:54+0500
афғонистон
дар ҷаҳон
сиёсат
толибон
мулавӣ ҳайбатуллоҳ охунзода
барканор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063084600_0:99:3071:1826_1920x0_80_0_0_54c7c090546662aa8382f5288c1ea0bf.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари гурӯҳи толибон* дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор бар ҳали ихтилофот дар Афғонистон таъкид кардааст, иттилоъ додааст "Родиои дарӣ".Раҳбари толибон* бо баёни ин, ки ихтилоф бар сари қудрат, марбут ба ҳукуматҳои фиръавнӣ аст, тасреҳ мекунад, ки ӯ ҳеҷ ихтилофе байни афғонҳоро барнаметобад ва ҳозир аст аз мақоми феълӣ канор равад, аммо ихтилофот дар Афғонистон набошад.“Бародарон! бемории тоунро бипазиред, аммо ихтилофотро на; зеро ихтилофот бадтарин маризист ва агар дастае аз мардум маро барканор кунанд ман хушҳол мешавам, аммо ба ихтилоф дар миёни онон хушҳол намешавам”, - афзуд ӯ.Мулло Ҳайбатулло ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханонаш, аз масъулони ҳукумати сарпараст хостааст, ки "мағрур" набошанд, ҳақро меҳвари умур қарор диҳанд ва ба шакли аланӣ аз якдигар интиқод накунанд.Раҳбари толибон ҳамчунин муддаӣ шуд, ки худаш омодаи шунидани насиҳат аст. Ин суханони раҳбари толибон* дар ҳоле матраҳ шудааст, ки бархе гузоришҳо аз вуҷуди ихтилофот дар низоми кунунии Афғонистон ҳикоят мекунад.Ёдоварӣ мекунем , ки дар оғози моҳи августи соли 2021, толибон* юришҳои худро бар неруҳои давлати пешини Афғонистон ташдид карданд, дар натиҷа 15 август пас аз гурези Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури пешини Афғонистони ворид Кобул шуданд ва рӯзи баъд эълом карданд, ки ҷанг поён ёфтааст.Дар ҷараёни ду ҳафтаи охири моҳи август, тахлияи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳои ҳамкор бо онҳо аз фурудгоҳи Кобул, ки зери нигаҳбонии низомиёни амрикоӣ буд, сурат гирифт.Дар шаби 31 август артиши Ииёлоти Муттаҳида фурудгоҳи кобулро тарк кард ва ба тақрибан 20 соли ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон поён дод.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240617/hushdori-ghani-tolibon-sabru-toqati-marudm-1063239488.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063084600_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_6b98ee6a224727fe7dd7eb5481876a92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, толибон, муло ҳайбатулло, барканор, мақом, сиёсат
афғонистон, осиёи марказӣ, толибон, муло ҳайбатулло, барканор, мақом, сиёсат
Раҳбари толибон* гуфт ҳозир аст барканор шавад, аммо...
17:36 17.06.2024 (Навсозишуда: 17:54 17.06.2024) Раҳбари толибон* ахиран гуфтааст, ки ихтилоф бадтарин маризӣ аст ва ӯ ҳозир аст аз мақоми феълиаш канор равад, аммо ихтилофот дар Афғонистон набошад.
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари гурӯҳи толибон* дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор бар ҳали ихтилофот дар Афғонистон таъкид кардааст, иттилоъ додааст "Родиои дарӣ".
Раҳбари толибон* бо баёни ин, ки ихтилоф бар сари қудрат, марбут ба ҳукуматҳои фиръавнӣ аст, тасреҳ мекунад, ки ӯ ҳеҷ ихтилофе байни афғонҳоро барнаметобад ва ҳозир аст аз мақоми феълӣ канор равад, аммо ихтилофот дар Афғонистон набошад.
“Бародарон! бемории тоунро бипазиред, аммо ихтилофотро на; зеро ихтилофот бадтарин маризист ва агар дастае аз мардум маро барканор кунанд ман хушҳол мешавам, аммо ба ихтилоф дар миёни онон хушҳол намешавам”, - афзуд ӯ.
Мулло Ҳайбатулло ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханонаш, аз масъулони ҳукумати сарпараст хостааст, ки "мағрур" набошанд, ҳақро меҳвари умур қарор диҳанд ва ба шакли аланӣ аз якдигар интиқод накунанд.
Раҳбари толибон ҳамчунин муддаӣ шуд, ки худаш омодаи шунидани насиҳат аст.
Ин суханони раҳбари толибон* дар ҳоле матраҳ шудааст, ки бархе гузоришҳо аз вуҷуди ихтилофот дар низоми кунунии Афғонистон ҳикоят мекунад.
Ёдоварӣ мекунем , ки дар оғози моҳи августи соли 2021, толибон* юришҳои худро бар неруҳои давлати пешини Афғонистон ташдид карданд, дар натиҷа 15 август пас аз гурези Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури пешини Афғонистони ворид Кобул шуданд ва рӯзи баъд эълом карданд, ки ҷанг поён ёфтааст.
Дар ҷараёни ду ҳафтаи охири моҳи август, тахлияи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳои ҳамкор бо онҳо аз фурудгоҳи Кобул, ки зери нигаҳбонии низомиёни амрикоӣ буд, сурат гирифт.
Дар шаби 31 август артиши Ииёлоти Муттаҳида фурудгоҳи кобулро тарк кард ва ба тақрибан 20 соли ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон поён дод.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.