https://sputnik.tj/20240618/id-motam-ruzho-istirohat-kudak-obho-tojikiston-1063257982.html
Ид мотам шуд: рӯзҳои истироҳатӣ се кудак дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шуд
Ид мотам шуд: рӯзҳои истироҳатӣ се кудак дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди наҷотдиҳандагон, сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад
2024-06-18T17:32+0500
2024-06-18T17:32+0500
2024-06-18T18:06+0500
дар тоҷикистон
кҳф
ғарқ шудан
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/12/1063259127_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_0fafcbbd8dfad4ca6f06d6e3838cc15d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои иду истироҳат бидуни фоҷиа пушти сар нагардид.Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар ин муддат се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд.Чунончӣ, нисфирӯзии 16 июн сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.Ҳодисаи дуввум низ дар ноҳияи Зафаробод дар рӯзи ид сар зада, сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали "Тоҷикистон" ғарқ шудааст.Наҷотдиҳандагон дар пайи ҷустуҷӯ пас аз ду соат ҷасади ӯро аз об берун ва ба пайвандонаш месупоранд.Ҳолати сеюм бошад, дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуда, субҳи 17 июн, тахминан соати 05:00 рух додааст. "Сокини дусолаи деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст",- афзудааст КҲФ.Ба таъкиди ин ниҳод, сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад.Гуфтанист, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола мебошанд.Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
https://sputnik.tj/20240608/khf-tojikiston-qoidaho-raftor-ob-khotirrason-1063144558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/12/1063259127_223:0:2000:1333_1920x0_80_0_0_ec10bbda665826abc9d43272f17c2687.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ид мотам рӯзҳо истироҳатӣ кудак обҳо тоҷикистон ғарқ
ид мотам рӯзҳо истироҳатӣ кудак обҳо тоҷикистон ғарқ
Ид мотам шуд: рӯзҳои истироҳатӣ се кудак дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шуд
17:32 18.06.2024 (Навсозишуда: 18:06 18.06.2024) Ба таъкиди наҷотдиҳандагон, сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои иду истироҳат бидуни фоҷиа пушти сар нагардид.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар ин муддат се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд.
Чунончӣ, нисфирӯзии 16 июн сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд.
Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Ҳодисаи дуввум низ дар ноҳияи Зафаробод дар рӯзи ид сар зада, сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали "Тоҷикистон" ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагон дар пайи ҷустуҷӯ пас аз ду соат ҷасади ӯро аз об берун ва ба пайвандонаш месупоранд.
Ҳолати сеюм бошад, дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуда, субҳи 17 июн, тахминан соати 05:00 рух додааст.
"Сокини дусолаи деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст",- афзудааст КҲФ.
Ба таъкиди ин ниҳод, сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад.
Гуфтанист, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола мебошанд.
Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.