https://sputnik.tj/20240619/ikhroji-muhojiron-mehnati-rusiya-afzoish-yoft-1063264401.html
Ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ду баробар афзоиш ёфт
Ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ду баробар афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи марҳалаи якуми амалиёти “Нелегал 2024” дар Русия дар бахши муҳоҷират беш аз 50 ҳазор ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шуд
2024-06-19T14:39+0500
2024-06-19T14:39+0500
2024-06-19T16:57+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
вкд
ихроҷ
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_0:241:1166:897_1920x0_80_0_0_3b4ecf7a584cc849dc87e6dde9b9daaf.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз аввали соли 2024 беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуданд.Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.Вай тавзеҳ дод, ки тамоми муҳоҷирони ихроҷшуда қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст."Дар маҷмӯъ, аз аввали сол беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар ихроҷ карда шуданд. Пулис вуруди 100 ҳазор хориҷиро ба қаламрави Русия манъ кардааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 55% бештар аст", - навиштааст вай дар Telegram канал.Хонум Волк афзуд, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали амалиёти "Нелегал 2024", ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия гузаронида мешавад, дар як ҳафта беш аз 50 ҳазор қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ошкор шудааст.Ҳамзамон, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуд. Беш аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.Ҳамчунин, ҳудуди ду ҳазор парвандаи ҷиноии вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва бақайдгирии қалбакии муҳоҷирон боз шудаааст. Ҳамчунин беш аз 150 нафаре, ки таҳти пайгарди қарор доштанд, пайдо ва боздошт шудаанд.Намояндаи расмии ВКД таъкид кард, ки назорат аз болои корфармоён пурзӯр карда шуд ва дар натиҷа, дар моҳҳои январ-майи соли 2024 пешниҳоди огаҳинома ба ВКД аз сӯи корфармоён дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ 40% афзоиш ёфт.
https://sputnik.tj/20240424/matvienko-qonunguzori-muhojirat-rusiya-muhojiron-felan-1062622437.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_43:0:1239:897_1920x0_80_0_0_d55b0eca2df9486871714cc0e227b239.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, меҳнатӣ, ихроҷ, афзоиш, ғайриқонунӣ
русия, муҳоҷират, меҳнатӣ, ихроҷ, афзоиш, ғайриқонунӣ
Ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ду баробар афзоиш ёфт
14:39 19.06.2024 (Навсозишуда: 16:57 19.06.2024) Дар доираи марҳилаи якуми амалиёти “Нелегал 2024” дар Русия дар бахши муҳоҷират беш аз 50 ҳазор ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз аввали соли 2024 беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуданд.
Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки тамоми муҳоҷирони ихроҷшуда қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
"Дар маҷмӯъ, аз аввали сол беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар ихроҷ карда шуданд. Пулис вуруди 100 ҳазор хориҷиро ба қаламрави Русия манъ кардааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 55% бештар аст", - навиштааст вай дар Telegram канал.
Хонум Волк афзуд, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали амалиёти "Нелегал 2024", ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия гузаронида мешавад, дар як ҳафта беш аз 50 ҳазор қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ошкор шудааст.
Ҳамзамон, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шуд. Беш аз 6 ҳазор корфармо барои ғайриқонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Ҳамчунин, ҳудуди ду ҳазор парвандаи ҷиноии вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва бақайдгирии қалбакии муҳоҷирон боз шудаааст. Ҳамчунин беш аз 150 нафаре, ки таҳти пайгарди қарор доштанд, пайдо ва боздошт шудаанд.
Намояндаи расмии ВКД таъкид кард, ки назорат аз болои корфармоён пурзӯр карда шуд ва дар натиҷа, дар моҳҳои январ-майи соли 2024 пешниҳоди огаҳинома ба ВКД аз сӯи корфармоён дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ 40% афзоиш ёфт.