https://sputnik.tj/20240619/bozdoshti-qalloboni-telefoni-dar-dushanbe-baroi-giriftani-dahho-hazor-dollari-mardum-1063265255.html
Боздошти қаллобони телефонӣ дар Душанбе барои гирифтани даҳҳо ҳазор доллари мардум
Боздошти қаллобони телефонӣ дар Душанбе барои гирифтани даҳҳо ҳазор доллари мардум
Sputnik Тоҷикистон
Милитсияи Душанбе аз пайдо шудани гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ки ба мардумфиребӣ машғул мебошанд, хабар дод
2024-06-19T15:54+0500
2024-06-19T15:54+0500
2024-06-19T15:54+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
қаллобӣ
қаллоб
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1c/1062251537_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_af4c034f2b63317a78a6c8ece0d0276e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи ҷинояткорони интернетӣ ба мардумфиребӣ машғул буда, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо онҳо дар тамос мешаванду, дар хусуси ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд.“Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон маблағҳои калони пулӣ талаб кардаанд”, - қайд кардааст ВКД.Ба иттилои манбаъ, се нафар сокинони шаҳри Душанбе ҳаммаслакони ин ҷинояткорон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.Мақомоти интизомӣ қайд кардааст, ки ин гурӯҳ барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд.Ба ин тартиб ВКД ду сокини ашҳри Душанберо дастгир кард, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии "Телеграмм" бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос буда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ "курер" ба онҳо ёрӣ мерасонаданд.Номбурдагон ба иттилои манбаъ аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи мамлакат интиқол додаанд.Ҳамчунин як духтар сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон, дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи мамлакат фиристодааст.ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреб қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20240224/masul-shifobakhsh-qallobi-bozdosht-1061824392.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1c/1062251537_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_fa95451070f590c9c26c253e92274d95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боздошт, даҳҳо ҳазор доллар, қаллобон, телефонӣ, интернет
тоҷикистон, боздошт, даҳҳо ҳазор доллар, қаллобон, телефонӣ, интернет
Боздошти қаллобони телефонӣ дар Душанбе барои гирифтани даҳҳо ҳазор доллари мардум
Милитсияи Душанбе аз пайдо шудани гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ки ба мардумфиребӣ машғул мебошанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи ҷинояткорони интернетӣ ба мардумфиребӣ машғул буда, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо онҳо дар тамос мешаванду, дар хусуси ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд.
“Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон маблағҳои калони пулӣ талаб кардаанд”, - қайд кардааст ВКД.
Ба иттилои манбаъ, се нафар сокинони шаҳри Душанбе ҳаммаслакони ин ҷинояткорон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
“Давоми чанд рӯзи охир як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи мардумфиребии афроди ношинос ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд”, - хабар додааст ВКД.
Мақомоти интизомӣ қайд кардааст, ки ин гурӯҳ барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд.
Ба ин тартиб ВКД ду сокини ашҳри Душанберо дастгир кард, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии "Телеграмм" бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос буда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ "курер" ба онҳо ёрӣ мерасонаданд.
Номбурдагон ба иттилои манбаъ аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи мамлакат интиқол додаанд.
Ҳамчунин як духтар сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон, дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи мамлакат фиристодааст.
ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреб қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.