Намоишгоҳи байналмилалии "Суғд-2024" беш аз 500 ширкатро гирди ҳам овард

© SputnikФорум деловых и инвестиционных возможностей в Согде
Форум деловых и инвестиционных возможностей в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2024
Обуна шудан
Чунин ҳамоиши байналмилалии соҳибкорон бо номи "Суғд – водии имкониятҳо" бори даҳум дар Хуҷанд баргузор мешавад. Он ду рӯз — 18—19 июн давом мекунад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи байналмилалии "Суғд-2024" оғоз шуд.
Барои ширкат дар ин чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Русия, вилоятҳои Нижний Новгород, Маскав, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронеж ба маркази маъмурии вилояти Суғд омаданд.
Чунин ҳамоиши байнулмилалии соҳибкорон бо номи "Суғд – водии имкониятҳо" барои бори даҳум дар Хуҷанд баргузор мешавад. Он ду руз — 18—19 июн давом мекунад.
Дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар меҳмонон аз Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар ҷамъ омаданд.
Андар Раҳмонӣ, як масъули дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин чорабинии муҳими иқтисодӣ сафирони кишварҳо низ ширкат доранд.
Лук на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Содироти пиёз аз Суғд ба хориҷа оғоз шуд
“Сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии Туркия, Узбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ба вилоят ташриф оварданд” – гуфт, Раҳмонӣ.
Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндагони ширкатҳо аз шаҳри Шимкенти Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии мардумии Чин, ташкилотҳои молиявӣ ҳузур доранд.
Иштироки ҳамаи меҳмонон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои зикршуда рӯзҳои 18 - 19 июн дар Форуми "Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ" ва маросими ифтитоҳи даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0