ТУТ расман эътиёд ба бозиҳои компютериро ҳамчун беморӣ эътироф кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкМолодой человек за компьютером
Молодой человек за компьютером  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Обуна шудан
Дилбастагии аз ҳад зиёд ба бозиҳои компютерӣ, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ таъсири нолозим дорад, расман аз соли 2022 беморӣ маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Таснифи байналмилалии омори бемориҳо ва мушкилоти марбут ба саломатӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нав карда шуд.
Тибқи маълумоти нав, ин рӯйхат эътиёд ё дилбастагии аз щад зиёд ба бозиҳои компютериро дар бар мегирад.
Тибқи таснифоти ТУТ, чунин ташхисро метавон муайян кард, агар хоҳиши бозӣ кардани бозиҳои компютерӣ ба манфиатҳои дигар бартарӣ пайдо кунад ва ҳадди аққал 12 моҳ ба ҳаёти иҷтимоии шахс халал расонад.
Муносибати аз ҳад зиёд ба бозиҳои компютерӣ бояд дар давоми як сол ихтилоли зоҳирӣ дар оила, ҷамъият, таълим, касбӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёт, ки таъсири манфӣ мерасонанд, дошта бошад.
Тавре Владимир Позняк, коршиноси Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бахши моддаҳои психоактивӣ ва рафтори вобастагӣ, дар муколама бо РИА Новости рӯшан кард, ташхиси эътиёд ба бозӣ танҳо аз ҷониби мутахассис пас аз муоина метавонад муайян карда шавад.
Коршинос таъкид кард, ки дар рӯзҳои ҷашнҳо ва таътил бештари мардум дар назди компютер, аз ҷумла бозиҳо вақти худро мегузаронанд. Аммо дар айни замон ин маънои онро надорад, ки онҳо дилбастагии аз меъёр зиёд ба бозӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони саноати бозиҳои компютерӣ ба шомил шудани эътиёд ба бозиҳо ба феҳристи бемориҳо мухолиф буданд.
Ассотсиатсияҳои нармафзори фароғатӣ ва федератсияҳои Иёлоти Муттаҳида, Канада, Аврупо, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ дар як изҳороти муштарак қайд карданд, ки чунин иқдом далели илмии объективӣ кофӣ надорад.
Лентаи хабарҳо
0