https://sputnik.tj/20240617/hushdori-ghani-tolibon-sabru-toqati-marudm-1063239488.html
Ҳушдори Ғанӣ ба толибон*: Сабру тоқати мардум бепоён нест
Ҳушдори Ғанӣ ба толибон*: Сабру тоқати мардум бепоён нест
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури гурезии Афғонистон дар паёми шодбодиаш ба толибон* ҳушдор дода ва гуфтааст, ки сабру тоқати мардум бепоён нест
2024-06-17T13:41+0500
2024-06-17T13:41+0500
2024-06-17T17:56+0500
афғонистон
ғанӣ
вокуниш
сиёсат
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_5871d2e131040aa1f3cc5e9ab3d0b5db.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ахиран Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури фирории собиқи Афғонистон дар як паёми шодбошиаш аз сиёсати ҳукумати толибон интиқод кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ба иттилои манбаъ Ашраф Ғанӣ пешини Афғонистон дар паёми идиаш дар баргае X навиштааст: “Ҳама медонанд, ки афғонистониҳо ба таври возеҳу ошкор машруъияти низом ва ҳукумати қобили қабул барои ҳама мехоҳанд, аммо тарҷеҳ медиҳанд ин кор аз роҳи сулҳомез сурат гирад, тарафдори ҷанг ва хунрезӣ нестанд, зеро зарбулмасале доранд ки мегуяд: “гиреҳе, ки бо ангушт боз мешавад ниёз ба дандон ва мушт надорад”.Ӯ дар идома навиштааст: “Аммо ин сабру тоқати мардум номаҳдуд нест ва нашавад, ки ин гиреҳро кӯр биёбанд ва барои боз кардан он худое нахоста ба дандону мушт мутавассил шаванд, ки ин роҳи вайронӣ ва табоҳии кишвар аст, ки дар ним қарни гузашта бо дарду ранҷ борҳо таҷриба шудааст”.Вай ҳамчунон афзуда аст, ки ояндаи кишварро бояд аксарияти мардуми Афғонистон, ки иборат аз ҷавонону занон таъйин ҳал шавад ва масири ояндаи кишварро мушаххас созанд.Ёдоварӣ мекунем , ки дар оғози моҳи августи соли 2021, толибон* юришҳои худро бар неруҳои давлати пешини Афғонистон ташдид карданд, дар натиҷа 15 август пас аз гурези Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури пешини Афғонистони ворид Кобул шуданд ва рӯзи баъд эълом карданд, ки ҷанг поён ёфтааст.Дар ҷараёни ду ҳафтаи охири моҳи август, тахлияи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳои ҳамкор бо онҳо аз фурудгоҳи Кобул, ки зери нигаҳбонии низомиёни амрикоӣ буд, сурат гирифт.Дар шаби 31 август артиши Ииёлоти Муттаҳида фурудгоҳи кобулро тарк кард ва ба тақрибан 20 соли ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон поён дод.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230422/ghani-rahbaron-tolibho-sarvatmand-afrodi-afghoniston-tabdil-1056618519.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_6f31987447e946cede01d5e488c5a319.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, вокуниш, ашраф ғанӣ, толибон, марду, ҷавонон, сиёсат
афғонистон, вокуниш, ашраф ғанӣ, толибон, марду, ҷавонон, сиёсат
Ҳушдори Ғанӣ ба толибон*: Сабру тоқати мардум бепоён нест
13:41 17.06.2024 (Навсозишуда: 17:56 17.06.2024) Раисҷумҳури гурезии Афғонистон дар паёми шодбодиаш ба толибон* ҳушдор дода ва гуфтааст, ки сабру тоқати мардум бепоён нест
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ахиран Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури фирории собиқи Афғонистон дар як паёми шодбошиаш аз сиёсати ҳукумати толибон интиқод кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ Ашраф Ғанӣ пешини Афғонистон дар паёми идиаш дар баргае X навиштааст: “Ҳама медонанд, ки афғонистониҳо ба таври возеҳу ошкор машруъияти низом ва ҳукумати қобили қабул барои ҳама мехоҳанд, аммо тарҷеҳ медиҳанд ин кор аз роҳи сулҳомез сурат гирад, тарафдори ҷанг ва хунрезӣ нестанд, зеро зарбулмасале доранд ки мегуяд: “гиреҳе, ки бо ангушт боз мешавад ниёз ба дандон ва мушт надорад”.
Ӯ дар идома навиштааст: “Аммо ин сабру тоқати мардум номаҳдуд нест ва нашавад, ки ин гиреҳро кӯр биёбанд ва барои боз кардан он худое нахоста ба дандону мушт мутавассил шаванд, ки ин роҳи вайронӣ ва табоҳии кишвар аст, ки дар ним қарни гузашта бо дарду ранҷ борҳо таҷриба шудааст”.
Вай ҳамчунон афзуда аст, ки ояндаи кишварро бояд аксарияти мардуми Афғонистон, ки иборат аз ҷавонону занон таъйин ҳал шавад ва масири ояндаи кишварро мушаххас созанд.
Ёдоварӣ мекунем , ки дар оғози моҳи августи соли 2021, толибон* юришҳои худро бар неруҳои давлати пешини Афғонистон ташдид карданд, дар натиҷа 15 август пас аз гурези Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури пешини Афғонистони ворид Кобул шуданд ва рӯзи баъд эълом карданд, ки ҷанг поён ёфтааст.
Дар ҷараёни ду ҳафтаи охири моҳи август, тахлияи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳои ҳамкор бо онҳо аз фурудгоҳи Кобул, ки зери нигаҳбонии низомиёни амрикоӣ буд, сурат гирифт.
Дар шаби 31 август артиши Ииёлоти Муттаҳида фурудгоҳи кобулро тарк кард ва ба тақрибан 20 соли ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон поён дод.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.