Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Небензя гуфт, ки чӣ гуна Ғарб истифодаи силоҳ дар Украинаро идора мекунад

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2024
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Низомиёни ғарбӣ воқеан раванди истифодаи силоҳи дақиқи Украинаро дар муқовимат бо Русия "дастӣ" идора мекунанд.
Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя изҳор дошт дар ҷаласаи Шӯрои Амният.
"Мо инчунин медонем, ки низомиёни ғарбӣ воқеан раванди истифода аз аслиҳаи муосири баландтехнологӣ, дақиқ ва дурпарвоз дар Украина хоҳ он Storm Shadow-и бритониёӣ, ATACMS-и амрикоӣ ва ё мушакҳои фаронсавӣ, дастӣ идора мекунанд”,- гуфт Небензя.
Дипломати рус қайд кард, ки Федератсияи Русия медонад, ки низомиёни украинӣ дар замин "аз ҷиҳати технологӣ" тавони назорати ин мушакҳоро надоранд ва рисолати парвоз ва боркунии онро ба система онҳое анҷом медиҳанд, ки ин силоҳҳоро таъмин мекунанд.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки агар Ғарб ва Киев пешниҳоди сулҳи Русияро рад кунанд, пас масъулияти идомаи хунрезӣ ба дӯши онҳо хоҳад буд.
Вай таъкид кард, азбаски воқеият дар рӯи замин тағйир меёбад, шароити минбаъдаи музокирот дигар хоҳад буд.
Интервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, Комсомольская правда и Говорит Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: паёми Путинро дар Ғарб шуниданд
"Агар Ғарб ва Киев ин пешниҳоди сулҳро рад кунанд, пас масъулияти сиёсӣ ва маънавӣ барои идомаи хунрезӣ ба дӯши онҳо хоҳад буд на ба нафъи режими Киев ва он гох шартхои огози музокира дигар мешавад", — гуфт Небензя.
Қаблан президент Владимир Путин зимни суханронӣ дар АБИП гуфт, интиқоли силоҳ ба Украина маънои ширкати мустақими кишварҳои ғарбӣ дар ҷанги зидди Русияро дорад.
Дар чунин вазъият Маскав ҳақ дорад, ки ба ҳамин тариқ амал кунад, аз ҷумла ба кишварҳои таҳти фишор бо силоҳҳои дурпарвоз таъмин намояд, таъкид кард президент.
Ба гуфтаи ӯ, наметавон гуфт, ки ин кор фардо анҷом мешавад, аммо Русия бояд дар ин бора андеша кунад.
Лентаи хабарҳо
0