https://sputnik.tj/20240617/oghozi-barqarorsozi-poygohho-obkashii-sugd-uralgidromash-1063237860.html
Оғози барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд аз сӯи мутахассисони "Уралгидромаш"
Оғози барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд аз сӯи мутахассисони "Уралгидромаш"
Sputnik Тоҷикистон
Муовини якуми губернатори вилояти Свердловски Русия эълон намудааст, ки ҳоло мутахассисони рус барои таъмини пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти нав талош доранд
2024-06-17T12:28+0500
2024-06-17T12:28+0500
2024-06-17T12:28+0500
дар тоҷикистон
суғд
свердловск
русия
ҳамкорӣ
обрасонӣ
таъмир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/11/1063237597_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_79fceb13f66308a021f3258bfdfd6f0d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Муовини якуми губернатори вилояти Свердловски Русия Алексей Шмиков дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, айни замон корхонаи азими саноатии "Уралгидромаш" ҳамкориро дар барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд оғоз бахшид.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ мақомдори рус дар мулоқот қайд кардааст, ки мутахассисони рус аз пойгоҳҳои обкашии вилоят моҳи май соли ҷорӣ боздид намуда, барои таъмини пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти нав фаъолият намуда истодаанд.Бояд қайд кард, ки ҳайати вилояти Свердловски Русия бо мақсади иштирок дар даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилояти Суғд ташриф овард.Дар ин дидор раиси вилояти Суғд меҳмононро бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда маълумот дод.Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор қайд кард, ки ҳамкориҳо байни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, тамоми имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам оварда шудааст.Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, аз январ то апрели соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 24,2% афзоиш ёфта, 636,8 млн долларро ташкил додааст.Бар асоси натоиҷи чаҳор моҳ, Тоҷикистон ба маблағи наздик ба 600,7 млн доллар колоҳои Русияро харидорӣ кардааст.Дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои январ-апрел ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ 36,1 млн долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20240605/savdoi-sughd-khorija-mlrd-dollar-shud-1063100597.html
суғд
свердловск
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/11/1063237597_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_2db6131fb002641f0d8100f6868247b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, суғд, ҳамкорӣ, тиҷорат, пойгоҳи обкашӣ, барқарорсозӣ, таъмир
тоҷикистон, русия, суғд, ҳамкорӣ, тиҷорат, пойгоҳи обкашӣ, барқарорсозӣ, таъмир
Оғози барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд аз сӯи мутахассисони "Уралгидромаш"
Муовини якуми губернатори вилояти Свердловски Русия эълон намудааст, ки ҳоло мутахассисони рус барои таъмини пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти нав талош доранд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Муовини якуми губернатори вилояти Свердловски Русия Алексей Шмиков дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, айни замон корхонаи азими саноатии "Уралгидромаш" ҳамкориро дар барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд оғоз бахшид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ мақомдори рус дар мулоқот қайд кардааст, ки мутахассисони рус аз пойгоҳҳои обкашии вилоят моҳи май соли ҷорӣ боздид намуда, барои таъмини пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти нав фаъолият намуда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки ҳайати вилояти Свердловски Русия бо мақсади иштирок дар даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар ин дидор раиси вилояти Суғд меҳмононро бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда маълумот дод.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор қайд кард, ки ҳамкориҳо байни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, тамоми имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам оварда шудааст.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, аз январ то апрели соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 24,2% афзоиш ёфта, 636,8 млн долларро ташкил додааст.
Бар асоси натоиҷи чаҳор моҳ, Тоҷикистон ба маблағи наздик ба 600,7 млн доллар колоҳои Русияро харидорӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои январ-апрел ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ 36,1 млн долларро ташкил додааст.