https://sputnik.tj/20240605/savdoi-sughd-khorija-mlrd-dollar-shud-1063100597.html
Савдои Суғд бо хориҷа 1,2 млрд доллар шуд: Шарикони тиҷорӣ киҳоянд?
Савдои Суғд бо хориҷа 1,2 млрд доллар шуд: Шарикони тиҷорӣ киҳоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар миёни шарикони асосии тиҷории Суғд, Русия ҳамоно кишвари асосии воридкунандаи мол ба ин минтақаи шимолии Тоҷикистон боқӣ мондаст 05.06.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-06-05T16:40+0500
2024-06-05T16:40+0500
2024-06-05T16:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
воридот
суғд
содирот
савдо
коргоҳ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд ба андозаи 9% афзуда, аммо ҳиссаи содирот дар ин давра коҳиш ёфтааст. Дар Идораи омори вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми савдои хориҷӣ ва саҳми содироту воридот мол дар тули панҷ моҳи охирро шарҳ доданд. Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдо ба 1,2 млрд доллар расидааст, иттилоъ дод сардори бахши омори савдо дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд, Дилором Муҳиддинзода. “Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ беш аз 9% афзудааст”, - зикр кард, масъули Идораи омор.Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ба маблағи 878 млн доллар мол ворид гардида, ба маблағи 350 млн доллари дигар содироти мол сурат гирфитааст. Дар ин миён тағйирёбии рақамҳоро танҳо бахши воридот ташкил медиҳад. Аз таҳлили рақамҳои ироашудаи оморӣ бармеояд, ки дар муқоиса ба панҷ моҳи соли 2023, воридот ба андозаи қариб 109 млн доллар ё 14% зиёд шуда, аммо ҳиссаи содирот баръакс ба беш аз 6, 3 млн доллар ё қариби 2% коҳиш ёфтааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол қабл Барномаи саноатикунонии кишвар ва роҳандозии коргоҳҳои тавлидотии воридотивазкунандаро рӯи даст гирифта буд. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷумла дар ҳаҷми қариб 29% мол аз Русия ворид гардида ба андозаи беш аз 5% содироти мол аз Суғд ба ин кишвар сурат гирифтааст. Аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки 22%-и ҳиссаи умумии савдои хориҷии вилояти Суғд ба Русия рост меояд.
https://sputnik.tj/20240605/rohbaron-naqliyot-iiao-naqsha-sesolai-kori-1063099300.html
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, воридот, суғд, содирот, савдо, коргоҳ, русия
дар тоҷикистон, иқтисод, воридот, суғд, содирот, савдо, коргоҳ, русия
Савдои Суғд бо хориҷа 1,2 млрд доллар шуд: Шарикони тиҷорӣ киҳоянд?
Дар миёни шарикони асосии тиҷории Суғд, Русия ҳамоно кишвари асосии воридкунандаи мол ба ин минтақаи шимолии Тоҷикистон боқӣ мондаст
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд ба андозаи 9% афзуда, аммо ҳиссаи содирот дар ин давра коҳиш ёфтааст.
Дар Идораи омори вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми савдои хориҷӣ ва саҳми содироту воридот мол дар тули панҷ моҳи охирро шарҳ доданд.
Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдо ба 1,2 млрд доллар расидааст, иттилоъ дод сардори бахши омори савдо дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд, Дилором Муҳиддинзода.
“Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ беш аз 9% афзудааст”, - зикр кард, масъули Идораи омор.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ба маблағи 878 млн доллар мол ворид гардида, ба маблағи 350 млн доллари дигар содироти мол сурат гирфитааст. Дар ин миён тағйирёбии рақамҳоро танҳо бахши воридот ташкил медиҳад.
Аз таҳлили рақамҳои ироашудаи оморӣ бармеояд, ки дар муқоиса ба панҷ моҳи соли 2023, воридот ба андозаи қариб 109 млн доллар ё 14% зиёд шуда, аммо ҳиссаи содирот баръакс ба беш аз 6, 3 млн доллар ё қариби 2% коҳиш ёфтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол қабл Барномаи саноатикунонии кишвар ва роҳандозии коргоҳҳои тавлидотии воридотивазкунандаро рӯи даст гирифта буд.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷумла дар ҳаҷми қариб 29% мол аз Русия ворид гардида ба андозаи беш аз 5% содироти мол аз Суғд ба ин кишвар сурат гирифтааст. Аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки 22%-и ҳиссаи умумии савдои хориҷии вилояти Суғд ба Русия рост меояд.