https://sputnik.tj/20240611/bozi-ruz-tojikiston-pokiston-shekiladze-bozgardoni-bovar-mukhlison-1063182052.html
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Покистон: Шекиладзе аз бозгардонии боварии мухлисон гуфт
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Покистон: Шекиладзе аз бозгардонии боварии мухлисон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии мунтахаби кишвар мегӯяд, ки шогирдонаш ба майдон мебароянд, то бозии зебо бо ғалаба нишон дода, марҳилаи интихобиро сазовор ба анҷом расонанд
2024-06-11T16:04+0500
2024-06-11T16:04+0500
2024-06-11T17:01+0500
дар тоҷикистон
футбо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063128545_0:35:1200:711_1920x0_80_0_0_196be366c2661b32d394853baa5c6aac.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Имрӯз, 11-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Покистон рақобат дорад.Ин бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" аст.Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар сафар аз Урдун ва Арабистони Саудӣ шикаст ва бар Покистон бо ҳисоби якхелаи 3 бар 0 зафар ёфта буданд.Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ аз мухлисон хост, ки дар рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки шогирдонаш ба майдон мебароянд, то бозии зебо бо ғалаба нишон дода, марҳилаи интихобиро сазовор ба анҷом расонанд. "Дастаи мо бояд боварии мухлисонро дубора ба даст орад. Ва аз мухлисон хоҳиш мекунам, ки дар лаҳзаҳои душвор тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд",- афзуд вай.Ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев низ бо изҳори афсурдагӣ аз бозӣ бо Урдун гуфт, ки талоши зиёд карданд, аммо ҳариф аз бархе ғалатҳояшон истифода кард."Дар бозиҳои сафарӣ тими мо заифтар набуд, танҳо рақибон аз баъзе хатоҳои хурди мо истифода карданду мо аз имкониятҳои худ истифода набурдем",- таъкид кард бозигар.Ӯ изҳори умед кард боз боварии мухлисонро пайдо мекунанд ва собит мекунем, ки дар тими мунтахаби кишвар ба хотири ватан ҳунарнамоӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240608/mutakhassis-khoriji-sabab-bokht-tim-tojikiston-korshinos-1063142476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063128545_0:0:987:740_1920x0_80_0_0_9561576e8d69265c7df7ea05032fa0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ тоҷикистон покистон шекиладзе бозгардон мухлисон
бозӣ тоҷикистон покистон шекиладзе бозгардон мухлисон
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Покистон: Шекиладзе аз бозгардонии боварии мухлисон гуфт
16:04 11.06.2024 (Навсозишуда: 17:01 11.06.2024) Сармураббии мунтахаби кишвар мегӯяд, ки шогирдонаш ба майдон мебароянд, то бозии зебо бо ғалаба нишон дода, марҳилаи интихобиро сазовор ба анҷом расонанд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Имрӯз, 11-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Покистон рақобат дорад.
Ин бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" аст.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар сафар аз Урдун ва Арабистони Саудӣ шикаст ва бар Покистон бо ҳисоби якхелаи 3 бар 0 зафар ёфта буданд.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ аз мухлисон хост, ки дар рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд.
"Дар футбол пастиву баландӣ ҳаст. Ҳамаи мо аз натиҷаи дар Урдун рӯйдода ғамгинем. Бозигарон дарк мекарданд, ки мо бо кӣ бозӣ мекунем ва ин бозӣ чӣ аҳамият дорад. Афсӯс, ки аз имкониятҳои доштаамон истифода бурда наметавонем",- гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, ки шогирдонаш ба майдон мебароянд, то бозии зебо бо ғалаба нишон дода, марҳилаи интихобиро сазовор ба анҷом расонанд.
"Дастаи мо бояд боварии мухлисонро дубора ба даст орад. Ва аз мухлисон хоҳиш мекунам, ки дар лаҳзаҳои душвор тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд",- афзуд вай.
Ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев низ бо изҳори афсурдагӣ аз бозӣ бо Урдун гуфт, ки талоши зиёд карданд, аммо ҳариф аз бархе ғалатҳояшон истифода кард.
"Дар бозиҳои сафарӣ тими мо заифтар набуд, танҳо рақибон аз баъзе хатоҳои хурди мо истифода карданду мо аз имкониятҳои худ истифода набурдем",- таъкид кард бозигар.
Ӯ изҳори умед кард боз боварии мухлисонро пайдо мекунанд ва собит мекунем, ки дар тими мунтахаби кишвар ба хотири ватан ҳунарнамоӣ мекунанд.