https://sputnik.tj/20240614/sputnik-shariki-ittilootii-namoishgohi-baynalmilalii-novagon-1063213273.html
Хабаргузории Sputnik шарики иттилоотии Намоишгоҳи байналмилалии “Новагон -2024” шуд
Хабаргузории Sputnik шарики иттилоотии Намоишгоҳи байналмилалии “Новагон -2024” шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намоишгоҳи мазкур аз 19 то 23 июн дар Кронштадти шаҳри Санкт-петербурги Русия бо ҳузури меҳмонони дохилию хориҷӣ баргузор мегардад
2024-06-14T14:31+0500
2024-06-14T14:31+0500
2024-06-28T13:03+0500
русия
дар русия
санкт-петербург
намоишгоҳ
байналмилалӣ
низомӣ
sputnik
иттилоот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046466979_0:116:2583:1569_1920x0_80_0_0_993e9197da49338d084ce802ed248689.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Агентии байналмилалии иттилоотии Sputnik шарики байналмилалии иттилоотии Намоишгоҳи байналмилалии баҳрӣ-низомии “Новагон -2024” гардид.Намоишгоҳи мазкур аз 19 то 23 июн дар Кронштадт дар ҳудуди Осорхонаи маъруфи баҳрӣ ва Маркази конгрессу намоишгоҳ баргузор мешавад.Ташкилкунандагони ин намоишгоҳ Вазорати саноат ва савдо ва Вазорати дифои Русия мебошанд.Дар намоишгоҳ аз руи анъана саноати киштисозӣ, аслиҳа, низоми идораи ҷангӣ, сомонаи новбарӣ ва алоқа, таҷҳиззоти энергетикӣ барои киштӣ, авиатсияи дарёӣ, зерсохтҳои ёрирасон, технологияхои муоссир ва ояндадор ба намоиш гузошта шудаанд.Дар давоми панҷ рӯз дар доираи барномаи тиҷоратӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, ҷаласаҳои пленарӣ, муаррифии коркардҳои инноватсионӣ, вохӯриҳо ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди соҳаи баҳрӣ ташкил карда мешавад.Як ҷузъи муҳими “Новагон -2024” намоиши киштиҳои ҷангӣ ва киштиҳои Нерӯҳои дарёии Русия хоҳад буд.Дар борандози бандар, ки дар шафати Маркази конгрессу намоиш (дар соҳилискилаи шарқии Уст-Рогтка) вокеъ аст, киштиҳо ва катерҳо, силоҳу аслиҳаи низомӣ намоиш дода мешаванд.Қумандонҳои ва хадамаи киштиҳо барои иштироккунандагон ва меҳмонони намоишгоҳ гардиши дастаҷамъии шавқовар ташкил карда, ки дар он дар бораи таърих, таҷҳизот ва қобилияти ҷангии киштиҳо нақл карда мешавад.Sputnik ҳамчун шарики байналмилалии иттилоотӣ дар бораи Намоишгоҳи байналмилалии “Новагон -2024” ба 25 кишварҳое, ки дар он ҳузур дорад, бо забонҳои онҳо маълумот хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20231003/dar-rossiya-segodnya-mediaforumi-kishvarhoi-uzvi-idm-barguzor-meshavad-1059763365.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046466979_168:0:2415:1685_1920x0_80_0_0_d50266c14755261cdaea9620a2f8b1ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, санкт-петербург, намоишгоҳи байналмилалӣ, низомӣ, баҳрӣ, шарики иттилоотӣ
русия, санкт-петербург, намоишгоҳи байналмилалӣ, низомӣ, баҳрӣ, шарики иттилоотӣ
Хабаргузории Sputnik шарики иттилоотии Намоишгоҳи байналмилалии “Новагон -2024” шуд
14:31 14.06.2024 (Навсозишуда: 13:03 28.06.2024) Намоишгоҳи мазкур аз 19 то 23 июн дар Кронштадти шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ҳузури меҳмонони дохилию хориҷӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Агентии байналмилалии иттилоотии Sputnik шарики байналмилалии иттилоотии Намоишгоҳи байналмилалии баҳрӣ-низомии “Новагон -2024” гардид.
Намоишгоҳи мазкур аз 19 то 23 июн дар Кронштадт дар ҳудуди Осорхонаи маъруфи баҳрӣ ва Маркази конгрессу намоишгоҳ баргузор мешавад.
Ташкилкунандагони ин намоишгоҳ Вазорати саноат ва савдо ва Вазорати дифои Русия мебошанд.
Дар намоишгоҳ аз руи анъана саноати киштисозӣ, аслиҳа, низоми идораи ҷангӣ, сомонаи новбарӣ ва алоқа, таҷҳиззоти энергетикӣ барои киштӣ, авиатсияи дарёӣ, зерсохтҳои ёрирасон, технологияхои муоссир ва ояндадор ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар давоми панҷ рӯз дар доираи барномаи тиҷоратӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, ҷаласаҳои пленарӣ, муаррифии коркардҳои инноватсионӣ, вохӯриҳо ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди соҳаи баҳрӣ ташкил карда мешавад.
Як ҷузъи муҳими “Новагон -2024” намоиши киштиҳои ҷангӣ ва киштиҳои Нерӯҳои дарёии Русия хоҳад буд.
Дар борандози бандар, ки дар шафати Маркази конгрессу намоиш (дар соҳилискилаи шарқии Уст-Рогтка) вокеъ аст, киштиҳо ва катерҳо, силоҳу аслиҳаи низомӣ намоиш дода мешаванд.
Қумандонҳои ва хадамаи киштиҳо барои иштироккунандагон ва меҳмонони намоишгоҳ гардиши дастаҷамъии шавқовар ташкил карда, ки дар он дар бораи таърих, таҷҳизот ва қобилияти ҷангии киштиҳо нақл карда мешавад.
Sputnik ҳамчун шарики байналмилалии иттилоотӣ дар бораи Намоишгоҳи байналмилалии “Новагон -2024” ба 25 кишварҳое, ки дар он ҳузур дорад, бо забонҳои онҳо маълумот хоҳад дод.