https://sputnik.tj/20231003/dar-rossiya-segodnya-mediaforumi-kishvarhoi-uzvi-idm-barguzor-meshavad-1059763365.html
Дар “Россия сегодня” медиафоруми кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Дар “Россия сегодня” медиафоруми кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар форуми мазкур, ояндаи ҳуши маснуъӣ дар соҳаи ВАО ва хусусиятҳои омода намудани донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ дар даврони рақамӣ баррасӣ мешаванд
2023-10-03T17:33+0500
2023-10-03T17:33+0500
2023-10-03T17:46+0500
русия
дар русия
"россия сегодня"
расонаҳо
форум
маскав
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032938821_0:0:3075:1730_1920x0_80_0_0_fbae0bdbae864356191ed77347f98739.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Анҷумани дуюми "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда", ки рӯзи чаҳоршанбе 1 ноябр дар Маскав баргузор мешавад, ба таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои узви ИДМ бахшида мешавад.Чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Русия ташкил карда шуд.Дар ин ҳамоиш мудири кулл “Россия сегодня” Дмитрий Киселев, раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Думаи давлатӣ Александр Хинштейн, раиси Иттифоқи журналистони Русия Владимир Соловёв, раиси идораи рӯзноманигорӣ суханронӣ мекунанд.Инчунин раиси “Россотрудничество” Евгений Примаков, мудири генералии Пажуҳишгоҳи рушди интернет Алексей Гореславский, мудири Лигаи амнияти интернет, мудири иҷроияи Маркази миллии мониторинги кумак ба кӯдакони гумшуда ва ҷабрдида Екатерина Мизулина, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав Елена Вартанова, мудири Институти медиа Мактаби олии иктисодиёт, барандаи телевизион Эрнест Маncкевичус ва дигарон суханрониву иштирок хощанд кард.Дар баҳсҳо сиёсатмадорони бонуфузи Русия, расонаҳо ва коршиносон ширкат хоҳанд кард.Ҷаласаи умумии форум ба мушкилоти журналистикаи байналмилалӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳамкорӣ дар фазои иттилоотию сиёсӣ дар кишварҳои ИДМ бахшида мешавад.Дар ҷаласаҳои мавзуӣ ояндаи щуши маснуъь дар соҳаи медиа, стратегияҳои муассири рощандозии каналҳои Telegram, рушди ВАО-и русзабон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хусусиятҳои омодасозии донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ дар даврони рақамӣ баррасӣ мешаванд.Дар соли гузашта 300 рӯзноманигор, сиёсатмадорон ва коршиносон аз Русия, кишварҳои хориҷи наздик ва дур дар ҳамоиши расонаҳои кишварҳои ИДМ, ки дар Маркази байналмилалии матбуоти чандрасонаии “Россия сегодня” баргузор шуд, ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20230928/rossiya-segodnya-hashtegi-rohandozi-1059655935.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032938821_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_25995ae7eea37d65e35304f56ef6009a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, россия сегодня, медиафорум, маскав, расонаҳо, вао
идм, россия сегодня, медиафорум, маскав, расонаҳо, вао
Дар “Россия сегодня” медиафоруми кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
17:33 03.10.2023 (Навсозишуда: 17:46 03.10.2023) Дар форуми мазкур, ояндаи ҳуши маснуъӣ дар соҳаи ВАО ва хусусиятҳои омода намудани донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ дар даврони рақамӣ баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Анҷумани дуюми "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда", ки рӯзи чаҳоршанбе 1 ноябр дар Маскав баргузор мешавад, ба таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои узви ИДМ бахшида мешавад.
Чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Русия ташкил карда шуд.
Дар ин ҳамоиш мудири кулл “Россия сегодня” Дмитрий Киселев, раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Думаи давлатӣ Александр Хинштейн, раиси Иттифоқи журналистони Русия Владимир Соловёв, раиси идораи рӯзноманигорӣ суханронӣ мекунанд.
Инчунин раиси “Россотрудничество” Евгений Примаков, мудири генералии Пажуҳишгоҳи рушди интернет Алексей Гореславский, мудири Лигаи амнияти интернет, мудири иҷроияи Маркази миллии мониторинги кумак ба кӯдакони гумшуда ва ҷабрдида Екатерина Мизулина, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав Елена Вартанова, мудири Институти медиа Мактаби олии иктисодиёт, барандаи телевизион Эрнест Маncкевичус ва дигарон суханрониву иштирок хощанд кард.
Дар баҳсҳо сиёсатмадорони бонуфузи Русия, расонаҳо ва коршиносон ширкат хоҳанд кард.
Ҷаласаи умумии форум ба мушкилоти журналистикаи байналмилалӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳамкорӣ дар фазои иттилоотию сиёсӣ дар кишварҳои ИДМ бахшида мешавад.
Дар ҷаласаҳои мавзуӣ ояндаи щуши маснуъь дар соҳаи медиа, стратегияҳои муассири рощандозии каналҳои Telegram, рушди ВАО-и русзабон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хусусиятҳои омодасозии донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ дар даврони рақамӣ баррасӣ мешаванд.
Дар соли гузашта 300 рӯзноманигор, сиёсатмадорон ва коршиносон аз Русия, кишварҳои хориҷи наздик ва дур дар ҳамоиши расонаҳои кишварҳои ИДМ, ки дар Маркази байналмилалии матбуоти чандрасонаии “Россия сегодня” баргузор шуд, ширкат карданд.